Нобудсозии нуктаи идораи зиреҳпӯшҳо дар Украина - видео

Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия кори ҷангии чархболи "Ка-52" маъруф бо номи "Аллигатор"-ро нишон дод, ки ба нерӯи зиндаю техника зарба задаст
Талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина бар асари зарбаҳо беш аз 50 нафар низомӣ, як танк ва як мошини зиреҳпӯши ҷангиро ташкил додааст, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Русия.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймоҳои артиши Русия ба ҳадафҳои муайяншуда зарба зада, дар натиҷа маркази назорату идораи мошинҳои зиреҳпӯши нерӯҳои мусаллаҳи Украина нобуд карда шудаст.
Ҳамчунин, низомиёни Русия шаш ҳамлаи украиниро дар минтақаи Торский ва хоҷагии ҷангали Серебрянский дар самти Краснолиманскро ҷилавгирӣ ва пас гардондаанд.
Дар баробари ин ҳавопаймоҳои бомбпарто ба ду нуқтаи фармондеҳӣ ва назоратӣ дар минтақаи рустои Серебрянка зарба задаанд.
Лавров: Ҷанг дар Украинаро ИМА идора мекунад
Маврид ба зикр аст, ки чархболи Ка-52 "Аллигатор" як чархболи хеле пешрафтаи ҳамлакунанда аст, ки аз ҷониби бюрои конструктории Камови Русия тарҳрезӣ ва истеҳсол шудааст.
Он дорои як системаи муосир мебошад, ки имкон медиҳад, ки қобилияти хуби ҳаракат ҳамзамон муътадилӣ таъмин карда шавад.
Чархболи ҷангии мазкур муҷаҳҳаз ба мушакҳои мухталиф ва силоҳи оташфишон мебошад, ки тавон доранд, аҳдофи мухталифи душманро нобуд созанд.
Қаблан Вазорати дифоъ гуфта буд, чархболҳои "Ка-52" барои иҷрои вазифаҳои ҷангии гузошташуда, ҷуфт-ҷуфт фиристода мешаванд, то ҳамдигарро дар осмон пуштибонӣ намоянд. Зикр шудааст, ки чархболҳо аз масофаи чандин километр ба техникаю нерӯи рақиб зарба мезананд.
Лентаи хабарҳо
0