https://sputnik.tj/20230917/mansabdoroni-sughd-pakhtachini-1059429912.html
Мансабдорони Суғд дар рӯзи истироҳаташон ба пахтачинӣ баромаданд
Мансабдорони Суғд дар рӯзи истироҳаташон ба пахтачинӣ баромаданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳашарчиён давоми рӯз дар хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пахта чида, дар ҷамъоварии ҳосил ба деҳқонон ёрии худро расониданд
2023-09-17T11:59+0500
2023-09-17T11:59+0500
2023-09-17T12:03+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/11/1059428176_0:55:1280:775_1920x0_80_0_0_b358231d7dcbf16f50602fb190a0392b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сент - Sputnik. Беш аз 500 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳунар, молия, адибону собиқадорон ба кумаки пахтачинҳо рафтаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукмати Суғд, мансабдорон таҳти роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба пахтачинӣ рафтанд. Манбаъ афзуд, ки раиси вилоят зимни иштирок дар ҳашари пахтачинӣ ба масъулин дастур дод, ки рӯзҳои офтобиро пурсамар истифода бурда, ҳосили бо арақи ҷабин руёнидаи пахтакоронро беталаф ҷамъоварӣ намоянд."Кормандони соҳаҳои гуногун ба кӯмаки кишоварзон омадаанд то дар рӯзи истироҳатӣ саҳми худро дар ғунучини пахта гузоранд", - гуфт Аҳмадзода.Манбаъ афзуд, ки дар хоҷагии номи Абдураҳим Ҷумъаев соли равон наздики 1,6 ҳазор гектар пахта кишт шуда, заркорон ният доранд, ки наздики 5 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.Қаблан бо қарори раиси вилояти "Суғд" ситоди махсуси ҷамъоварии ҳосил ташкил карда шуд, ки барои ҳавасманд кардани хоҷагидорон натиҷаҳоро ҳар 20-рӯза ҷамъбаст мекунаду ба пешсафон мукофотҳо тақдим мегарданд.
https://sputnik.tj/20230913/tashkil-sitod-makhsus-sughd-jamovarii-betalaf-1059349460.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/11/1059428176_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_653706f0a5ab063a35fbab6a46ce6bde.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истироҳат, пахтачинӣ, майдон, ёрӣ
истироҳат, пахтачинӣ, майдон, ёрӣ
Мансабдорони Суғд дар рӯзи истироҳаташон ба пахтачинӣ баромаданд
11:59 17.09.2023 (Навсозишуда: 12:03 17.09.2023) Ҳашарчиён давоми рӯз дар хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пахта чида, дар ҷамъоварии ҳосил ба деҳқонон ёрии худро расониданд
ДУШАНБЕ, 17 сент - Sputnik. Беш аз 500 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳунар, молия, адибону собиқадорон ба кумаки пахтачинҳо рафтаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукмати Суғд, мансабдорон таҳти роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба пахтачинӣ рафтанд.
Манбаъ афзуд, ки раиси вилоят зимни иштирок дар ҳашари пахтачинӣ ба масъулин дастур дод, ки рӯзҳои офтобиро пурсамар истифода бурда, ҳосили бо арақи ҷабин руёнидаи пахтакоронро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
"Кормандони соҳаҳои гуногун ба кӯмаки кишоварзон омадаанд то дар рӯзи истироҳатӣ саҳми худро дар ғунучини пахта гузоранд", - гуфт Аҳмадзода.
Манбаъ афзуд, ки дар хоҷагии номи Абдураҳим Ҷумъаев соли равон наздики 1,6 ҳазор гектар пахта кишт шуда, заркорон ният доранд, ки наздики 5 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.
Қаблан бо қарори раиси вилояти "Суғд" ситоди махсуси ҷамъоварии ҳосил ташкил карда шуд, ки барои ҳавасманд кардани хоҷагидорон натиҷаҳоро ҳар 20-рӯза ҷамъбаст мекунаду ба пешсафон мукофотҳо тақдим мегарданд.