Эълони мусобиқа миёни пахтачинҳо дар Суғд: Ғолибон мукофот мегиранд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСбор урожая хлопка в Турсунзаде
Сбор урожая хлопка в Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд бо имзои як қарори махсус ситоди вилоятии "Ҳосил-2023"-ро ташкил додаст, ки аз ҷумла кишоварзонро ба ҷамъоварии ҳосил ҳавасманд мекунад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, Ситоди вилоятии "Ҳосил-2023" таъсис дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки қарори раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи ташкили ин ситод ба имзо расонда шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи ситоди мазкур ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Бар асоси қарори раиси Суғд, барои ҳавасманд гардонидани пахтакорон миёни шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқаи меҳнатӣ ташкил шуда, ҳар 20 рӯз ғолибон муайян карда мешаванд.
Раджаббой Ахмадзода ознакомился с деятельностью промышленного предприятия Норд Азия Металл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2023
Ҳукумати Суғд гуфт, нақшаи бунёди иншоот дар вилоят чӣ қадар иҷро гардид
Даври аввали мусобиқа 1 октябр ҷамъбаст шуда, ба шарафи ғолибони бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ парчами шараф барафрохта хоҳад шуд, омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин ба ғолибони мусобиқаи ҳосилғундорӣ мукофотҳои пулӣ супорида мешавад, таъкид кард ҳукумати Суғд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамасола садҳо ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мекунад, қисмати зиёди он бидуни коркард ба хориҷи кишвар содир мегардад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран дастур дода буд, ки дар самти рушди саноати сабук стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ таҳия ва татбиқ карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0