Аҳмадзода хостори фаровонию арзонӣ дар бозорҳо шуд

© Пресс-служба председателя Согдийской областиРаджаббой Ахмадзода на ярмарке сельхозпродукции в Согде
Раджаббой Ахмадзода на ярмарке сельхозпродукции в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2023
Обуна шудан
Рӯзҳои истироҳат бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бисёре аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ярмаркаи фурӯши маҳсулот баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Кишоварзон ва корхонаҳои саноати хӯрокворӣ маҳсулоташонро дар ярмаркаҳо нисбат бо нархҳои бозор то 30% арзон пешниҳод мекунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки яке аз чунин ярмаркаҳо дар маркази вилоят ташкил карда шуд.
Мақомоти Суғд мақсади ташкили ярмаркаҳоро таъмини дастрасии аҳолӣ бо маҳсулоти нисбатан арзон арзрёбӣ намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ зимни боздид аз ярмарка, хотиррасон намуд, ки ҳадаф аз ташкили чунин ярмаркаҳоро таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ мебошад.
Продуктовая ярмарка  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2023
ТОП – 10 ва фарозу нишеби содироти маҳсулоти кишоварзӣ
"Таъкид карда шуд, ки ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳар ҳафта ташкил мешавад ва сокинон бо қаноатмандӣ ашёи зарурии худро харидорӣ мекунанд", - омадааст дар иттилоия.
Қаблан Аҳмадзода зимни машварати корӣ ба масъулини вилоят дар бораи танзими нархҳо дар бозорҳо дастур дода буд.
Масъулини вилоятро зарур аст, ки ҳамзамон ба танзими нарху наво дар бозорҳо аҳмияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд, то мардум тавонад маводи ғизоиро барои зимистон захира кунанд, гуфт раиси вилояти Суғд.
Вай ҳамчунин яке аз роҳҳои таъмини фаровониро дар бозорҳо ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти мухталиф хонд, ки феълан дар ҷумҳурӣ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0