ВМКБ боз такон хурд: Минтақаи заминҷунбии дақиқ шуд

© AFP 2023 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2023
Обуна шудан
Заминҷунбии навбатӣ дар минтақаи Ишкошим сабт шудааст. КҲФ Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафот хабар надодааст
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ рух дод.
Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар додааст.
Заминларза ба шиддати 4,2 балл соати 22:15 ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст.
Заминҷунбӣ ин бор дар Ишкошим ба амал омад.
Минтақаи дақиқи зилзила дар 37,15 градуси арзи шимолӣ; 71,66 градус тули шаркӣ мебошад. Маркази заминларза дар умқи 132 километр воқеъ будааст.
Мужчина указывает на сейсмографические данные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Шарқи Тоҷикистонро ду заминларза такон дод
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот хабар надодааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ низ хабаре нест.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи август бар асари боришоти тӯлонӣ ва шадид дар Ҳисор иншооти инфрасохторӣ ва биноҳои истиқоматӣ осеби ҷиддӣ диданд.
Бар асари обхезӣ ва ярч дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 21 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Лентаи хабарҳо
0