https://sputnik.tj/20230619/sharq-tojikiston-zaminlarza-takon-1057780104.html
Шарқи Тоҷикистонро ду заминларза такон дод
Шарқи Тоҷикистонро ду заминларза такон дод
Sputnik Тоҷикистон
Зилзиласанҷон 2 ҳолати ҷунбишҳои зеризаминиро, ки бо тафовути 6 соат дар масофаи тақрибан 70 км аз ҳамдигар рух додаанд, сабт карданд
2023-06-19T10:40+0500
2023-06-19T10:40+0500
2023-06-19T10:44+0500
дар тоҷикистон
заминларза
вмкб
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055679888_0:149:3091:1887_1920x0_80_0_0_3a78a796cf6174475f0a57472accc281.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон дар давоми чанд соат ду маротиба такон хӯрд. Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар додааст. Ҷунбиши аввал бомдод, соати 03:17 ба вуқӯъ пайваста, қувваи онҳо 4 баллро ташкил додааст. Он дар 115 километрии шимолу шарқи Хоруғ воқеъ буда, дар умқи 120 километр рух додааст.Ҳодисаи дуввум соати 9:19 дар 70-километрии шимолу ғарби Мурғоб ба қайд гирифта шудааст. Ин дафъа шиддати он ба 4,2 балл расида, дар умқи 202 километр сурат гирифтаастДар бораи оқибатҳои зилзила ҳануз маълумот дастрас нашудааст. Ин минтақа минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҷо зилзилаҳои қувваҳои гуногун пайваста ба амал меоянд. Дар авоили моҳи май кормандони КҲФ Тоҷикистон барои сокинон чорабиниҳо баргузор карданд, ки дар доираи он мутахассисон қоидаҳои рафтор дар ҳолати заминларзаро омӯзониданд.
https://sputnik.tj/20230517/hukumat-bloger-khona-zaminlarza-mastchoh-1057178324.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055679888_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0d54ec72de21c3ab6c0da34456ccce23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарқ тоҷикистон заминларза такон
шарқ тоҷикистон заминларза такон
Шарқи Тоҷикистонро ду заминларза такон дод
10:40 19.06.2023 (Навсозишуда: 10:44 19.06.2023) Зилзиласанҷон 2 ҳолати ҷунбишҳои зеризаминиро, ки бо тафовути 6 соат дар масофаи тақрибан 70 км аз ҳамдигар рух додаанд, сабт карданд
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон дар давоми чанд соат ду маротиба такон хӯрд.
Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар додааст.
Ҷунбиши аввал бомдод, соати 03:17 ба вуқӯъ пайваста, қувваи онҳо 4 баллро ташкил додааст.
Он дар 115 километрии шимолу шарқи Хоруғ воқеъ буда, дар умқи 120 километр рух додааст.
Ҳодисаи дуввум соати 9:19 дар 70-километрии шимолу ғарби Мурғоб ба қайд гирифта шудааст.
Ин дафъа шиддати он ба 4,2 балл расида, дар умқи 202 километр сурат гирифтааст
Дар бораи оқибатҳои зилзила ҳануз маълумот дастрас нашудааст.
Ин минтақа минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҷо зилзилаҳои қувваҳои гуногун пайваста ба амал меоянд.
Дар авоили моҳи май кормандони КҲФ Тоҷикистон барои сокинон чорабиниҳо баргузор карданд, ки дар доираи он мутахассисон қоидаҳои рафтор дар ҳолати заминларзаро омӯзониданд.