Шоми Душанбе ва симои нави пойтахт – видео

Обуна шудан
Шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон бо гузашти замон симои худро дигаргун мекунад. Ин дигаргунӣ бештар аз ҳама дар сохтмони биноҳои наву замонавӣ ба назар мерасад
Дар чанд соли ахир чандин биноҳои наву боҳашамат бо меъмориву ҳандасаи хонасозии навин дар нуқоти гуногун, асосан дар нуқтаҳои марказии Душанбе қомат афрохтанд ва як теъдоди дигар ҳанӯз ҳам сохтмонашон идома дорад.
Ин ҳама дар дигаргунии симои шаҳри Душанбе саҳми худро хоҳад гузошт.
Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурири Тоҷикистон тасдиқ шудааст, то соли 2040 қаламрави пойтахти мамлакат дар чор самт тавсеа ёфта, ҳудуди он то соли 2025 аз 12,7 ҳазор гектар то 18 ҳазор гектар ва то соли 2040 ба 30 ҳазор гектар расонида мешавад.
Дар истгоҳҳои Душанбе дастгоҳҳои назоратӣ насб мешаванд
Дар ин муддат дар Душанбе даҳҳо биноҳои маъмурию истиқоматӣ, марказҳои тиҷортаию фароғатӣ ва гипермаркетҳо, марказҳои замонавии фурӯши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, қасри фарҳанг, театрҳо, мактабу шифохонаҳо, майдонҳои варзишӣ, тандурустӣ, боғчаҳои кӯдакон ва ғайра бо тарҳи меъмории муосир ва миллӣ қомат хоҳанд афрохт.
Лентаи хабарҳо
0