Дар истгоҳҳои Душанбе дастгоҳҳои назоратӣ насб мешаванд

© Фото : Сайт города ДушанбеАвтобусная остановка в Душанбе, архивное фото
Автобусная остановка в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2023
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе ният дорад бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва насби дастгоҳҳои назоратӣ дар роҳу истгоҳҳои пойтахт, қоидвайронкуниро коҳиш диҳад
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Назорат дар роҳу истгоҳҳои пойхтахти Тоҷикистон бо истифода аз зеҳни сунъию дастгоҳҳои наворбардорӣ таҳким бахшида мешавад.
Ба иттилои шаҳрдории Душанбе, барои коҳиш додани қоидавайронкуниҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёт сабти аксу видео дар роҳу истгоҳҳо бо низоми зеҳнӣ роҳандозӣ мешавад.
Таъкид шудааст, ки барои татбиқи ин тарҳ аллакай созишнома миёни шаҳрдории Душанбе ва ширкати "RexGen" ба имзо расид.
Дар назар аст, ки марҳилаи аввал насби камераҳои мушоҳидавӣ дар 350 истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар назар аст. Сармоягузории тарҳро ширкати "RexGen" ба уҳда гирифтааст.
Ночные гонки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2023
Вазорати нақлиёт сабаби асосии садамаҳо дар ҷумҳуриро эълон кард
Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракати барои воситаҳои нақлиёти маршрути пешбинишуда татбиқ мегардад, омадааст дар иттилоия.
Созиш дар бораи татбиқи ин низоми худидоракунӣ дар соҳаи нақлиётро ноиби раиси Душанбе, Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва роҳбари ширкати "RexGen Co.Ltd" Сюнки Джун имзо намуданд.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, ширкати ҷалбгардида тавассути таҳияи технологияҳои нав барои ҳалли мушкилоти соҳаи нақлиёт бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0