https://sputnik.tj/20230916/khatlon-shahrvandon-moldova-pokiston-eron-armaniston-jarima-1059419983.html
Дар Хатлон шаҳрвандони Молдова, Покистон, Эрон, Арманистон ва Ӯзбекистнон ҷарима шуданд
Дар Хатлон шаҳрвандони Молдова, Покистон, Эрон, Арманистон ва Ӯзбекистнон ҷарима шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки барои будубоши ғайриқонунӣ дар ҳудуди вилоят 48 шаҳрванди хориҷӣ ҷарима карда шуданд
2023-09-16T11:18+0500
2023-09-16T11:18+0500
2023-09-16T11:18+0500
дар тоҷикистон
хатлон
ҷарима
шаҳрвандон
арманистон
молдова
покистон
ӯзбекистон
қонуншиканӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102171/37/1021713792_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_120cd3a2cbc5cf3851d056cb4c1158c5.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Дар вилояти Хатлон барои будубоши ғайриқонунӣ нисбати 48 шаҳрванди хориҷӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳоро ба маблағи 67,5 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон.Ба иттилои сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Азизода Баҳодур дар давоми 8 моҳ 24 шаҳрвандони Молдова, 16 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон, 4 нафар шаҳрвандони Покистон, 2 нафар шаҳрвандони Эрон ва 2 нафар шаҳрвандони Арманистон ҷарима шудаанд.Оқои Азизода қайд кард, ки 48 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ давоми 8 моҳи соли равон дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои назоратӣ аз тарафи кормандони масъули Раёсат ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ошкор шудааст.Ба гуфтаи вай ин нишондиҳанда нисбат ба ба ҳамин давраи соли гузашта 36 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зиёд аст.“Нисбати 48 нафар шаҳрванди хориҷӣ бо моддаи 138 қисми 3 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.”,-гуфт ӯ.Вай афзуд, ки аз ҳисоби тартиб додани санадҳои маъмурӣ 67 ҳазору 480 сомонӣ ба буҷети давлат ворид карда шудаст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 ҳазору 480 сомонӣ бештар аст.
https://sputnik.tj/20230915/tedod-korkhona-sanoati-khatlon-rasonda-1059406681.html
арманистон
молдова
покистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102171/37/1021713792_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_74f66f25b7d855d0bb5dbca0e069bcde.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, молдова, покистон эрон, арманистон, ӯзбекистон ҷарима, қонуншиканӣ
тоҷикистон, хатлон, молдова, покистон эрон, арманистон, ӯзбекистон ҷарима, қонуншиканӣ
Дар Хатлон шаҳрвандони Молдова, Покистон, Эрон, Арманистон ва Ӯзбекистнон ҷарима шуданд
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки барои будубоши ғайриқонунӣ дар ҳудуди вилоят 48 шаҳрванди хориҷӣ ҷарима карда шуданд
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Дар вилояти Хатлон барои будубоши ғайриқонунӣ нисбати 48 шаҳрванди хориҷӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳоро ба маблағи 67,5 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон.
Ба иттилои сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Азизода Баҳодур дар давоми 8 моҳ 24 шаҳрвандони Молдова, 16 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон, 4 нафар шаҳрвандони Покистон, 2 нафар шаҳрвандони Эрон ва 2 нафар шаҳрвандони Арманистон ҷарима шудаанд.
Оқои Азизода қайд кард, ки 48 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ давоми 8 моҳи соли равон дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои назоратӣ аз тарафи кормандони масъули Раёсат ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ошкор шудааст.
Ба гуфтаи вай ин нишондиҳанда нисбат ба ба ҳамин давраи соли гузашта 36 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зиёд аст.
“Нисбати 48 нафар шаҳрванди хориҷӣ бо моддаи 138 қисми 3 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.”,-гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки аз ҳисоби тартиб додани санадҳои маъмурӣ 67 ҳазору 480 сомонӣ ба буҷети давлат ворид карда шудаст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 ҳазору 480 сомонӣ бештар аст.