https://sputnik.tj/20230916/darguzashti-avvalin-vaziri-difoi-tojikiston-1059423678.html
Даргузашти аввалин вазири дифои Тоҷикистон
Даргузашти аввалин вазири дифои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари бемории тӯлони аввалин вазири дифои Тоҷикистони соҳибистиқлол генерал-майор Александр Шишлянников даргузашт
2023-09-16T16:38+0500
2023-09-16T16:38+0500
2023-09-16T16:38+0500
дар тоҷикистон
даргузашт
вазири дифоъ
ӯзбекистон
генерал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/10/1059423511_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_d35a6e78cab4bedf9b3d9bf075b3400d.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар синни 73-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ аввалин вазири дифои Тоҷикистони соҳибистиқлол генерал-майор Александр Шишлянников даргузашт, иттилоъ додааст Вазорати дифои Ӯзбекистон.“Рӯзи 15 сентябр, дар синни 73-умин, ходими калони илмии Маркази рушди ҳарбӣ-илмӣ ва амалии Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон, генерал-майори мустаъфӣ, номзади илмҳои ҳарбӣ, профессор Александр Шишлянников аз бемории вазнин даргузашт”, - иттилоъ додааст вазорати дифои Ӯзбекистон.Генерал Шишлянников 3 ноябри соли 1950 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст.Пас аз хатми мактаби олии фармондеҳии танкии Тошканд дар соли 1971 дар қисмҳои Фармондеҳии марказии ҳарбӣ дар Чехословакия ва фармондеҳии ҳарбии ғарбӣ дар Олмон хидмат кардааст. Ӯ солҳои 1993-1995 дар вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.Шишлянников дар миёни 200 афсаре буд, ки дар марҳилаҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омада буданд.Генерал дар ин давра дар ишғоли вазифаҳо ва баланд бардоштани самаранокии ҷангии нерӯҳои давлатӣ нақши калидӣ бозид.Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки ӯ шахсан худаш генерал Александр Шишлянников ро интихоб карда буд."Ман худам дар тамрингоҳ, дар хаймаҳо артиши миллӣ ташкил кардам. Мо қувваҳои мусаллаҳ надоштем, вазири мудофиа надоштем, генералу офсар надоштем. Мо аз давлати дигар зиёда аз 200 афсар дархост кардем. Ва ман аз байни онҳо полковник Шишлянниковро интихоб кардам ва ӯро вазири мудофиа таъйин намудам”, - гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.
https://sputnik.tj/20230912/pisarbuzurg-qahramoni-tojikiston-1059341060.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/10/1059423511_0:0:1068:800_1920x0_80_0_0_d06adeb1ef30a4850d293300190d6646.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, даргузашт, аввалин, вазири дифои тоҷикистон, генерал, александр шишлянников
тоҷикистон, даргузашт, аввалин, вазири дифои тоҷикистон, генерал, александр шишлянников
Даргузашти аввалин вазири дифои Тоҷикистон
Бар асари бемории тӯлони аввалин вазири дифои Тоҷикистони соҳибистиқлол генерал-майор Александр Шишлянников даргузашт
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар синни 73-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ аввалин вазири дифои Тоҷикистони соҳибистиқлол генерал-майор Александр Шишлянников даргузашт, иттилоъ додааст Вазорати дифои Ӯзбекистон.
“Рӯзи 15 сентябр, дар синни 73-умин, ходими калони илмии Маркази рушди ҳарбӣ-илмӣ ва амалии Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон, генерал-майори мустаъфӣ, номзади илмҳои ҳарбӣ, профессор Александр Шишлянников аз бемории вазнин даргузашт”, - иттилоъ додааст вазорати дифои Ӯзбекистон.
Генерал Шишлянников 3 ноябри соли 1950 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст.
Пас аз хатми мактаби олии фармондеҳии танкии Тошканд дар соли 1971 дар қисмҳои Фармондеҳии марказии ҳарбӣ дар Чехословакия ва фармондеҳии ҳарбии ғарбӣ дар Олмон хидмат кардааст. Ӯ солҳои 1993-1995 дар вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Шишлянников дар миёни 200 афсаре буд, ки дар марҳилаҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омада буданд.
Генерал дар ин давра дар ишғоли вазифаҳо ва баланд бардоштани самаранокии ҷангии нерӯҳои давлатӣ нақши калидӣ бозид.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки ӯ шахсан худаш генерал Александр Шишлянников ро интихоб карда буд.
"Ман худам дар тамрингоҳ, дар хаймаҳо артиши миллӣ ташкил кардам. Мо қувваҳои мусаллаҳ надоштем, вазири мудофиа надоштем, генералу офсар надоштем. Мо аз давлати дигар зиёда аз 200 афсар дархост кардем. Ва ман аз байни онҳо полковник Шишлянниковро интихоб кардам ва ӯро вазири мудофиа таъйин намудам”, - гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.