Фарзанди дуюми қаҳрамони Тоҷикистон даргузашт

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина молится на кладбище
Мужчина молится на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2023
Обуна шудан
Шоири халқӣ, қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 3 фарзанд - ду писару як духтар дошт, ки ҳамакнун писаронаш дар қайди ҳаёт нестанд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Масъуд Турсунзода, писари бузург ва фарзанди дуюми қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода даргузашт.
Ба иттилои наздикон, Турсунзода субҳи 12 сентябр дунёро падрӯд гуфта, дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супорида шуд.
Масъуд фарзанди дуюм ва писари калонии Мирзо Турсунзода буд, ки ба гуфтаи наздикон аз бемории қанду дарди дил ранҷ мебурд.
Писари хурдии Турсунзода - Парвиз соли 2021 даргузашта буд. Фарзанди калонии Мирзо Турсунзода - духтарашон Фирӯза мебошанд, ки дар қайд ҳаётанд.
Масъуд Турсунзода физикдон буд, ки дар бахши алоқаи ҷумҳурӣ собиқа корӣ дошт қабл аз он солиёни зиёд роҳбарии коллеҷи сохтмонии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Писари хурдии Турсунзода парвиз тарҷумон буд.
Таджикский поэт Мирзо Турсун-Заде. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2023
Ҳукумат хабари тахриби хонаи Мирзо Турсунзодаро шарҳ дод
Фирӯза, фарзанди калонӣ ва ягона духтари Мирзо Турсунзода низ дар бахши илм фаъолият дорад.
Мирзо Турсунзода арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, шоири халқӣ, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, қаҳрамони Тоҷикистон, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони кишвар, собиқ раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
Вай соли 1911 дар рустои Қаротоғи ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, соли 1977 даргузашт. Ба хотири ӯ дар Тоҷикистон номи шаҳре Турсунзода гузошта шуда, аксаш дар пули миллии 1 сомонӣ тасвир ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0