https://sputnik.tj/20230915/vaziri-khorijai-tolibho-rusiya-meoyad-1059415975.html
Вазири хориҷаи ҳукумати толибҳо ба Русия меравад
Вазири хориҷаи ҳукумати толибҳо ба Русия меравад
Sputnik Тоҷикистон
Як манбаи гурӯҳи толибон* аз иштироки сарпарасти вазорати умури хориҷаи ин гурӯҳ дар нишасти Қазон Формати Маскав барои Афғонистон хабар дод
2023-09-15T21:01+0500
2023-09-15T21:01+0500
2023-09-16T00:43+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
толибон
вазири хориҷа
русия
қазон
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/17/1055719071_0:112:3076:1842_1920x0_80_0_0_7edfd69ab35a81a96a0b6c2a9097bf33.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Сарпарасти вазорати хориҷаи гуруҳи толибон* Амирхон Муттақӣ дар нишасти формати Маскав дар шаҳри Қазони Русия ширкат хоҳад кард, иттилоъ додааст як манбаъ аз миёни гурӯҳи толибон* ба Sputnik Афғонистон."Амирхон Муттақӣ сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар давлати муваққати толибон* дар нишасти Маскав дар бораи Афғонистон ки дар поёни моҳи сентябр дар Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард", гуфт ин манбаи огоҳ дар гурӯҳи толибон*.Ёдовари мекунем, ки чанде пеш Русия замон ва макони 5-умин нишасти машваратии Маскав дар мавриди Афғонистонро эълон кард.Сухангӯии вазорати хориҷа Русия Мария Захарова гуфт, ки нишасти формат "Маскав" дар бораи Афғонистон санаи 29 сентябри соли равон дар шаҳри Қазон баргузор мешавад.Ӯ афзуд, ки қарор аст дар ин нишаст дар мавриди вазъияти кунунии Афғонистон, масоили оштии байналафғонӣ, таъмини амнияти минтақаӣ ва бозсозии кишвари пас аз ҷанг гуфтугӯ шавад ва интизор меравад ки пас аз ин рӯйдод, баёнияи муштараки тарафайн ба тасвиб бирасад.Маврид ба зикр зикр аст, ки дар "формати Маскав" намояндагони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро шомил мебошад.Ёдовар мешавем, ки "формати Маскав"-и машваратҳо дар масоили сулҳу ҷанги Афғонистон соли 2017 таъсис дода шуда буд.Охирин чунин мулоқот моҳи ноябри соли 2022 баргузор гардида буд, ки он замон намояндагони Толибон* ба он даъват нашуда буданд.Толибон* дар маҷмӯъ аз формати Маскав хуш истиқбол гирифта, таъкид намуданд, ки тамарқузи таваҷҷӯҳ ба сулҳ дар Афғонистон ҳамчун кишвари воҳид ва мустақил аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта қобили дастгирист.Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаккули ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳои ва гурӮҳҳои сиёсии кишварро талаб дорад.*-гуруҳ барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20230914/rusiya-zamon-makon-nishast-maskav-afghoniston-elon-1059376654.html
афғонистон
толибон
русия
қазон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/17/1055719071_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_20f5c598894e01ce4a440a9b563280ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, русия, ҳукумат, толибҳо, иштирок, русия, сафар, фомати макав
афғонистон, русия, ҳукумат, толибҳо, иштирок, русия, сафар, фомати макав
Вазири хориҷаи ҳукумати толибҳо ба Русия меравад
21:01 15.09.2023 (Навсозишуда: 00:43 16.09.2023) Як манбаи гурӯҳи толибон* аз иштироки сарпарасти вазорати умури хориҷаи ин гурӯҳ дар нишасти Қазон Формати Маскав барои Афғонистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Сарпарасти вазорати хориҷаи гуруҳи толибон* Амирхон Муттақӣ дар нишасти формати Маскав дар шаҳри Қазони Русия ширкат хоҳад кард, иттилоъ додааст як манбаъ аз миёни гурӯҳи толибон* ба Sputnik Афғонистон.
"Амирхон Муттақӣ сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар давлати муваққати толибон* дар нишасти Маскав дар бораи Афғонистон ки дар поёни моҳи сентябр дар Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард", гуфт ин манбаи огоҳ дар гурӯҳи толибон*.
Ёдовари мекунем, ки чанде пеш Русия замон ва макони 5-умин нишасти машваратии Маскав дар мавриди Афғонистонро эълон кард.
Сухангӯии вазорати хориҷа Русия Мария Захарова гуфт, ки нишасти формат "Маскав" дар бораи Афғонистон санаи 29 сентябри соли равон дар шаҳри Қазон баргузор мешавад.
Ӯ афзуд, ки қарор аст дар ин нишаст дар мавриди вазъияти кунунии Афғонистон, масоили оштии байналафғонӣ, таъмини амнияти минтақаӣ ва бозсозии кишвари пас аз ҷанг гуфтугӯ шавад ва интизор меравад ки пас аз ин рӯйдод, баёнияи муштараки тарафайн ба тасвиб бирасад.
Маврид ба зикр зикр аст, ки дар "формати Маскав" намояндагони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро шомил мебошад.
Ёдовар мешавем, ки "формати Маскав"-и машваратҳо дар масоили сулҳу ҷанги Афғонистон соли 2017 таъсис дода шуда буд.
Охирин чунин мулоқот моҳи ноябри соли 2022 баргузор гардида буд, ки он замон намояндагони Толибон* ба он даъват нашуда буданд.
Толибон* дар маҷмӯъ аз формати Маскав хуш истиқбол гирифта, таъкид намуданд, ки тамарқузи таваҷҷӯҳ ба сулҳ дар Афғонистон ҳамчун кишвари воҳид ва мустақил аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта қобили дастгирист.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаккули ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳои ва гурӮҳҳои сиёсии кишварро талаб дорад.
*-гуруҳ барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.