Русия замон ва макони 5-умин нишасти машваратии Маскав дар мавриди Афғонистонро эълон кард

© Sputnik / Евгений ОдиноковЗдание Министерства иностранных дел РФ
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2023
Обуна шудан
Мақомоти Русия ахиран гуфт, ки нишасти формати “Маскав” дар бораи Афғонистон дар 29 сентябр дар шаҳри Қазон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Сухангӯии вазорати хориҷа Русия Мария Захарова ахиран гуфт, ки нишасти формат "Маскав" дар бораи Афғонистон санаи 29 сентябри соли равон дар шаҳри Қазон баргузор мешавад.
"Ман мехоҳам баргузарии нишаст дар мавриди Афғонистонро таъйид кунам ки дар 29 сентябр дар шаҳри Қазони Тотористон баргузор хоҳад шуд. Нишасти панҷуми формати машваратӣ "Маскав" дар мавриди Афғонистон бо ҳузури бозигарони калидии минтақавӣ алоқаманд хоҳад буд", гуфт хонум Захарова.
Ӯ афзуд, ки қарор аст дар ин нишаст дар мавриди вазъияти кунунии Афғонистон, масоили оштии байналафғонӣ, таъмини амнияти минтақаӣ ва бозсозии кишвари пас аз ҷанг гуфтугӯ шавад ва интизор меравад ки пас аз ин рӯйдод, баёнияи муштараки тарафайн ба тасвиб бирасад.
Маврид ба зикр зикр аст, ки дар "формати Маскав" намояндагони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро шомил мебошад.
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2023
Шӯрои муқовимати Афғонистон: идомаи таъомул бо толибон 11 сентябрро такрор хоҳад кард
Ёдовар мешавем, ки "формати Маскав"-и машваратҳо дар масоили сулҳу ҷанги Афғонистон соли 2017 таъсис дода шуда буд.
Охирин чунин мулоқот моҳи ноябри соли 2022 баргузор гардида буд, ки он замон намояндагони Толибон* ба он даъват нашуда буданд.
Толибон* дар маҷмӯъ аз формати Маскав хуш истиқбол гирифта, таъкид намуданд, ки тамарқузи таваҷҷӯҳ ба сулҳ дар Афғонистон ҳамчун кишвари воҳид ва мустақил аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта қобили дастгирист.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаккули ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳои ва гурӮҳҳои сиёсии кишварро талаб дорад.
*-гуруҳ барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0