Дар Тоҷикистон чанд кул мавҷуд аст?

Обуна шудан
Кӯлҳои Тоҷикистон на танҳо бо манзараи зебояшон машҳур мебошанд, балки захираи бузурги оби ошомиданӣ дар шароити камбуди он дар минтақа арзёбӣ мешаванд
Дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 1,5 ҳазор кул мавҷуд аст, ки масоҳати умумиашон 1 ҳазор километри мураба ё 1% масоҳати кишварро ташкил менамоянд.
Шумораи 22 кул 625 км² мебошад ва дар байни онҳо аз ҳама калонтаринашон Қарокӯл мебошад.
Кулҳои Тоҷикистон ба се гуруҳ тақсим мешаванд, аз ҷумла: тектоникӣ, пиряхӣ ва зеризаминӣ.
Аз ҳама маъмултарин кулҳо ин кулҳои пиряхӣ ва баъдан дар натиҷаи лағҷиши замин ба вуҷуд омада мебошанд.
КҲФ вазъи Сарезро пас аз заминларзаҳои ахир дар ВМКБ ошкор кард
Бештари шумораи кулҳои Тоҷикистон дар қисмати шимолу шарқии куҳҳои Помир ва тарафи ғарбии куҳҳои Ҳисор дар баландии зиёда аз 2 км ҷойгиранд.
Қариб ҳаммаи кулҳои кишвар аз оби ошомиданӣ ташаккул ёфтаанд (ғайр аз кули Қарокӯл).
Мубориза барои захирахои об дар Осиёи Миёна вусъат меёбад: Роҳҳал чист?
Аз ҳама кулҳои зеботарини Тоҷикистон дар қторкӯҳҳои Ҳисор дар кӯҳҳои Фон ҷойгир шуда дар байнашон табиати Искандаркул, Кули Чуқурак, Кулҳои Аловудин, Кули калон ниҳоят зебову нотакроранд.
Баландтарин кул бошад дар Точикистон ин Чапдара – 4 529 метр, Қарокӯл – 3 914 метр, Зоркул – 4 126 метр, Турумтайкул – 4 213 ва дигарон) мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0