https://sputnik.tj/20230915/shirkati-rusi-qarz-maosh-muhojir-tojik-pardokht-1059415509.html
Ширкати русӣ қарзи маошашро дар назди 450 муҳоҷири тоҷик пардохт кард
Ширкати русӣ қарзи маошашро дар назди 450 муҳоҷири тоҷик пардохт кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти Русия музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баргардонида шуд
2023-09-15T19:33+0500
2023-09-15T19:33+0500
2023-09-15T19:33+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
музди меҳнат
ширкати русӣ
пардохт
вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102623/98/1026239815_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_9be4288d7d45247c6af7e9356d8d373e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Музди меҳнати пардохт нашудаи беш аз 450 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон аз ширкати сохтмонии "Крокус Групп" ба маблағи зиёда аз 41 млн рубл баргардонида шуд.Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират хабар додааст.Ба иттилои манбаъ Намояндагӣ масъалаи пардохт нашудани музди меҳнат дар асоси муроҷиатҳои гурӯҳи шаҳрвандон аз аввали моҳи августи соли ҷорӣ зимни вохӯриҳои пайваста бо роҳбарияти ширкати сохтмонӣ ва роҳбари Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат Михаил Иванков, вобаста ба бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи меҳнат баррасӣ гардида, мактубҳои алоҳидагӣ ирсол гардид.Қайд карда шудааст, ки ширкати сохтмонии Русия дархостҳои Намояндагиро вобаста пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик қонеъ гардонида, ба коргарони тоҷик музди меҳнати аз 2 то 4 моҳа пардохтнашударо, ки беш аз 41 млн рублро ташкил дод, пардохт намуд.Ҳамзамон намояндагӣ қайд кардааст, ки дар соли 2023 ин ниҳоди давлатӣ музди меҳнати нопардохт шударо дар ҳаҷми беш аз 238 млн рубл, муодил ба 27,3 млн сомонӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо корфармоён ва кӯмаки мақомотҳои дахлдори Русия баргардонидааст.
https://sputnik.tj/20230619/muhojirat-tijorat-rahmon-husnullin-barrasi-1057798827.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102623/98/1026239815_328:0:3057:2047_1920x0_80_0_0_866e92bced6f2017433f8e9651a6b969.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ширкат, русӣ, пардохт, маблағ, муҳоҷирон, музди меҳнат
тоҷикистон, ширкат, русӣ, пардохт, маблағ, муҳоҷирон, музди меҳнат
Ширкати русӣ қарзи маошашро дар назди 450 муҳоҷири тоҷик пардохт кард
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти Русия музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баргардонида шуд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Музди меҳнати пардохт нашудаи беш аз 450 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон аз ширкати сохтмонии "Крокус Групп" ба маблағи зиёда аз 41 млн рубл баргардонида шуд.
Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ Намояндагӣ масъалаи пардохт нашудани музди меҳнат дар асоси муроҷиатҳои гурӯҳи шаҳрвандон аз аввали моҳи августи соли ҷорӣ зимни вохӯриҳои пайваста бо роҳбарияти ширкати сохтмонӣ ва роҳбари Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат Михаил Иванков, вобаста ба бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи меҳнат баррасӣ гардида, мактубҳои алоҳидагӣ ирсол гардид.
Қайд карда шудааст, ки ширкати сохтмонии Русия дархостҳои Намояндагиро вобаста пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик қонеъ гардонида, ба коргарони тоҷик музди меҳнати аз 2 то 4 моҳа пардохтнашударо, ки беш аз 41 млн рублро ташкил дод, пардохт намуд.
Ҳамзамон намояндагӣ қайд кардааст, ки дар соли 2023 ин ниҳоди давлатӣ музди меҳнати нопардохт шударо дар ҳаҷми беш аз 238 млн рубл, муодил ба 27,3 млн сомонӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо корфармоён ва кӯмаки мақомотҳои дахлдори Русия баргардонидааст.