https://sputnik.tj/20230915/peshnihod-rahmon-tasis-nihod-enerzhi-1059408814.html
Пешниҳоди Раҳмон барои таъсиси ниҳоди махсуси ҳалли масоили энержӣ
Пешниҳоди Раҳмон барои таъсиси ниҳоди махсуси ҳалли масоили энержӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Тоҷикистон ворид кардани масоили энержӣ ба Бунёди байнулмилалии наҷоти Аралро муҳим хонда, таъсиси як комиссияи алоҳидаро зарур донист
2023-09-15T13:59+0500
2023-09-15T13:59+0500
2023-09-15T13:59+0500
дар тоҷикистон
энергетика
эмомалӣ раҳмон
пешниҳод
қирғизистон
баҳри арал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/10/1058859370_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_81627b935c14624fce43a44d0ed77e1f.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Барои ҳалли масъалаҳои марбут ба энергетика дар Осиёи Марказӣ бояд як платформаи махсус таъсис дода шавад.Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал баён дошт. Вай ёдовар шуд, ки соли гузашта дар ин ҳамоиш дастур дода шуда буд, ки Машварати вазирони энержӣ барои ҳалли ин гуна масоил ташкил карда шавад. Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки ба доираи фарогирии Бунёди наҷоти Арал ворид кардани масоили энержӣ ва таъсиси комиссияи алоҳида муҳим аст.Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, пойгоҳи мазкур ҳамкории муассири кишварҳои минтақаро дар ҳалли мушкилоти доғи соҳаи энергетика таъмин хоҳад кард. Раҳмон ҳамчунин натоиҷи раёсати Тоҷикистон дар Сандуқи байналмилалии наҷоти Аралро ҷамъбаст кард. Дар ин муддат 4 ҷаласаи раёсати созмон баргузор гардид, ки дар он аз рӯи масъалаҳои муҳими амалиётӣ 29 қарор қабул кард. Ҳамоиши президентҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ду рӯз идома дорад. Дар баробари роҳбари кишвари мизбон, Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Туркманистон Сардор Бердиммуҳаммадов, роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов иштирок намуданд.
https://sputnik.tj/20230905/zavqizoda-sohibkoron-olmon-sarmoyaguzori-energetika-1059224370.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/10/1058859370_134:0:2865:2048_1920x0_80_0_0_3093f3bb9a4f979d065f40fcd3f7b62d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, комиссия, энержӣ, осиёи марказӣ, арал
эмомалӣ раҳмон, комиссия, энержӣ, осиёи марказӣ, арал
Пешниҳоди Раҳмон барои таъсиси ниҳоди махсуси ҳалли масоили энержӣ
Раҳбари Тоҷикистон ворид кардани масоили энержӣ ба Бунёди байнулмилалии наҷоти Аралро муҳим хонда, таъсиси як комиссияи алоҳидаро зарур донист
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Барои ҳалли масъалаҳои марбут ба энергетика дар Осиёи Марказӣ бояд як платформаи махсус таъсис дода шавад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал баён дошт.
Вай ёдовар шуд, ки соли гузашта дар ин ҳамоиш дастур дода шуда буд, ки Машварати вазирони энержӣ барои ҳалли ин гуна масоил ташкил карда шавад.
Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки ба доираи фарогирии Бунёди наҷоти Арал ворид кардани масоили энержӣ ва таъсиси комиссияи алоҳида муҳим аст.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, пойгоҳи мазкур ҳамкории муассири кишварҳои минтақаро дар ҳалли мушкилоти доғи соҳаи энергетика таъмин хоҳад кард.
Раҳмон ҳамчунин натоиҷи раёсати Тоҷикистон дар Сандуқи байналмилалии наҷоти Аралро ҷамъбаст кард. Дар ин муддат 4 ҷаласаи раёсати созмон баргузор гардид, ки дар он аз рӯи масъалаҳои муҳими амалиётӣ 29 қарор қабул кард.
Ҳамоиши президентҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ду рӯз идома дорад.
Дар баробари роҳбари кишвари мизбон, Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Туркманистон Сардор Бердиммуҳаммадов, роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов иштирок намуданд.