Завқизода соҳибкорони Олмонро барои сармоягузорӣ ба бахши энергетика даъват кард

© Вазорати рушди иқтисод ва савдои ТоҷикистонМулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо бо соҳибкорони Олмон
Мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо бо соҳибкорони Олмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2023
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон аз сармоягузорони Олмон даъват кард, ки дар саноатикунонӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди сабз ва рақамӣ сармоягузорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Масъалаи сармоягузории соҳибкорони олмонӣ зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо ҳайати расмии сармоягузорони Олмон баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ,ахиран вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати сармоягузорони Олмон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи шарқии Иқтисодии Олмон Михаел Ҳармс баргузор гардид.
Завқизода Завқи зимни мулоқот таъкид кардааст, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
“Дар натиҷа ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Олмон дар моҳҳои январ-июни соли 2023-юм 93,9 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн. доллар ё 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст”,- қайд кард вазири тоҷик.
Имзои шартномаи грантӣ байни вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Олмонии Рушд (KFW) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2023
Олмон ба Тоҷикистон барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ грант дод
Вай илова кард, ки бо назардошти захираву имкониятҳои васеи ҷонибҳо ҳаҷми ин нишондиҳанда метавонад боз ҳам баландтар карда шавад.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар рафти вохӯрӣ вазири рушди иқтисод ва савдо аз сармоягузорони Олмон барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди сабз ва рақамӣ дархост кард, ки аз ҷониби онҳо хуб пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.
Лентаи хабарҳо
0