https://sputnik.tj/20230730/vazorat-naqliyot-sabab-asosi-sadama-jumhuri-1058533542.html
Вазорати нақлиёт сабаби асосии садамаҳо дар ҷумҳуриро эълон кард
Вазорати нақлиёт сабаби асосии садамаҳо дар ҷумҳуриро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар роҳҳои таҳти назорати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи аввали соли равон беш аз 160 садама ба қайд гирифта шудааанд
2023-07-30T16:13+0500
2023-07-30T16:13+0500
2023-07-30T16:15+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
бехатарӣ
садама
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102067/63/1020676346_72:0:2938:1612_1920x0_80_0_0_a77eb6cf4d9c6534ba4bd5d5fd646253.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ҳалокати беш аз 100 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ давоми нимсолаи аввали соли равон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар 6 моҳи аввали соли равон дар роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёт 161 садама ба қайд гирифта шудааст. Вазорати нақлиёт таъкид намуд, ки дар мувофиқа ба ҳамин давраи соли 2022 сатҳи садаманокӣ беш аз 30% афзоиш ёфтааст. Шумораи фавтидагон дар муқоиса бо шашмоҳаи аввали соли гузашта 35% ва ҷароҳатбардоштагон 43% зиёд аст. "Асосан садамаҳо аз ҳисоби суръати баланди ҳаракати нақлиёт ва риоя нагардидани қойдаи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон рух додаанд", - омадааст дар иттилоия. Ин ниҳод таъкид намудаст, ки дар муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ ба барқароркунӣ ва гузоштани аломатҳои роҳ сол то сол аҳамияти чиддӣ дода истодаанд. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта беш аз 2,3 ҳазор ва соли равон зиёда аз 1,8 ҳазор аломати роҳ гузошта шудааст.Вазорати тақлиёт изҳор доштааст, ки барои беҳтар намудани шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ бо истифода аз тамоми имконот мунтазам чораҳои зарурӣ меандешанд.
https://sputnik.tj/20230724/habs-ronanda-rohrub-dushanbe-zer-1058418405.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102067/63/1020676346_430:0:2579:1612_1920x0_80_0_0_9df3604268bdabcbcf9cc41e12fc1cd6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, омор, марг, мир, тоҷикистон, садама
эълон, омор, марг, мир, тоҷикистон, садама
Вазорати нақлиёт сабаби асосии садамаҳо дар ҷумҳуриро эълон кард
16:13 30.07.2023 (Навсозишуда: 16:15 30.07.2023) Дар роҳҳои таҳти назорати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи аввали соли равон беш аз 160 садама ба қайд гирифта шудааанд
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ҳалокати беш аз 100 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ давоми нимсолаи аввали соли равон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар 6 моҳи аввали соли равон дар роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёт 161 садама ба қайд гирифта шудааст.
"Дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар давоми нимсола 171 нафар маҷруҳ ва 101 нафар ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати нақлиёт таъкид намуд, ки дар мувофиқа ба ҳамин давраи соли 2022 сатҳи садаманокӣ беш аз 30% афзоиш ёфтааст.
Шумораи фавтидагон дар муқоиса бо шашмоҳаи аввали соли гузашта 35% ва ҷароҳатбардоштагон 43% зиёд аст.
"Асосан садамаҳо аз ҳисоби суръати баланди ҳаракати нақлиёт ва риоя нагардидани қойдаи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон рух додаанд", - омадааст дар иттилоия.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки дар муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ ба барқароркунӣ ва гузоштани аломатҳои роҳ сол то сол аҳамияти чиддӣ дода истодаанд.
Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта беш аз 2,3 ҳазор ва соли равон зиёда аз 1,8 ҳазор аломати роҳ гузошта шудааст.
Вазорати тақлиёт изҳор доштааст, ки барои беҳтар намудани шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ бо истифода аз тамоми имконот мунтазам чораҳои зарурӣ меандешанд.