https://sputnik.tj/20230914/vaziron-osiyoi-markazi-muqobila-cholishho-tahdidho-1059376321.html
Таъкиди вазирони Осиёи Марказӣ барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳо
Таъкиди вазирони Осиёи Марказӣ барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳо
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе аз ҳамкории ошкоро ва густурда ба манфиати таъмини сулҳу субот дар минтақа таъкид карданд
2023-09-14T09:45+0500
2023-09-14T09:45+0500
2023-09-14T09:45+0500
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
сиёсат
сироҷиддин муҳриддин
душанбе
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0d/1059375001_0:6:1201:681_1920x0_80_0_0_c3794c5b8f1b76aa5b23348bede2e938.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои ВУХ роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ дар ин ҷаласа лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохурии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро баррасӣ ва ҳамоҳанг намуданд.Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ дар бораи омодагии кишварҳои минтақа ба ҳамкории ошкоро ва густурда ба манфиати таъмини сулҳу субот ва амният дар қаламрави Осиёи Марказӣ таъкид кард.“Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки давлатҳои минтақа ҳамеша хоҳиши муштарак ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳо дар тамоми соҳаҳоро доранд, ташаббусҳои муштаракро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда пеш мебаранд, инчунин барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳо саъй мекунанд”, - қайд кардааст вазорати хориҷа.Ҳамчунин вазири хориҷаи кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дастгириҳояшон ба Тоҷикистон дар давраи раёсати он дар механизми Ҷаласаҳои машваратӣ дар солҳои 2022-2023, аз ҷумла баргузории 16 чорабинии канорӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиш дар шаҳри Душанбе, изҳори сипос кард.Дар ин ҷаласа, вазирон якдилона бар ин назар буданд, ки ҳамкории доимӣ ва манфиатдор дар доираи васеи масъалаҳои мубрами рӯз кафили расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди муштараки кишварҳои бародарии Осиёи Марказӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20230913/barrasi-shariki-strategi-tojikiston-turkmaniston-dushanbe-1059356166.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0d/1059375001_138:0:1046:681_1920x0_80_0_0_ede3f63cb0735ae26718a858b2db82cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, осиёи марказӣ, чолишҳо, таҳдидҳо, душанбе, сиёсат, минтақа, ҳамкорӣ
тоҷикистон, осиёи марказӣ, чолишҳо, таҳдидҳо, душанбе, сиёсат, минтақа, ҳамкорӣ
Таъкиди вазирони Осиёи Марказӣ барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳо
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе аз ҳамкории ошкоро ва густурда ба манфиати таъмини сулҳу субот дар минтақа таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ВУХ роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ дар ин ҷаласа лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохурии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро баррасӣ ва ҳамоҳанг намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ дар бораи омодагии кишварҳои минтақа ба ҳамкории ошкоро ва густурда ба манфиати таъмини сулҳу субот ва амният дар қаламрави Осиёи Марказӣ таъкид кард.
“Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки давлатҳои минтақа ҳамеша хоҳиши муштарак ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳо дар тамоми соҳаҳоро доранд, ташаббусҳои муштаракро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда пеш мебаранд, инчунин барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳо саъй мекунанд”, - қайд кардааст вазорати хориҷа.
Ҳамчунин вазири хориҷаи кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дастгириҳояшон ба Тоҷикистон дар давраи раёсати он дар механизми Ҷаласаҳои машваратӣ дар солҳои 2022-2023, аз ҷумла баргузории 16 чорабинии канорӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиш дар шаҳри Душанбе, изҳори сипос кард.
Дар ин ҷаласа, вазирон якдилона бар ин назар буданд, ки ҳамкории доимӣ ва манфиатдор дар доираи васеи масъалаҳои мубрами рӯз кафили расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди муштараки кишварҳои бародарии Осиёи Марказӣ мебошад.