https://sputnik.tj/20230914/toqaev-jabborov-mirziyoev-aliev-berdimuhammadov-dushanbe-1059382578.html
Тоқаев, Ҷабборов, Мирзиёев, Алиев ва Бердимуҳаммадов вориди Душанбе шуданд
Тоқаев, Ҷабборов, Мирзиёев, Алиев ва Бердимуҳаммадов вориди Душанбе шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вориди шаҳри Душанбе шуданд
2023-09-14T12:33+0500
2023-09-14T12:33+0500
2023-09-14T12:33+0500
дар тоҷикистон
нишаст
сарон
осиёи марказӣ
душанбе
ворид
қосим -жомарт тоқаев
содир ҷабборов
сардор бердимуҳаммадов
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050152866_0:0:2835:1595_1920x0_80_0_0_2e94c4ea3a8816a0f1899de3dd7656e2.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раҳбарони Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон ва Содир Ҷабборовро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд.Ҳамчунин субҳи имрӯз Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон ташриф овард.Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.Дар чаҳорчӯби ин сафар Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардад, иштирок менамояд.Дар ҳошияи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар назар аст ва дар доираи он масъалаҳои васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.Ёдовар мешавем, ки 14-15 сентябри соли 2023 зери раёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.Ҳамзамон дар ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20230914/barguzorii-forum-tijorati-uzbekistonu-tojikiston-jizzakh-1059380307.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050152866_0:0:2601:1951_1920x0_80_0_0_a4117842db2b220bf92836ace0c3e202.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, душанбе, тоҷаев, ҷабборов, алиев, мирзиёев, нишаст, сарон
тоыикистон, душанбе, тоҷаев, ҷабборов, алиев, мирзиёев, нишаст, сарон
Тоқаев, Ҷабборов, Мирзиёев, Алиев ва Бердимуҳаммадов вориди Душанбе шуданд
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вориди шаҳри Душанбе шуданд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раҳбарони Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон ва Содир Ҷабборовро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд.
Ҳамчунин субҳи имрӯз Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Дар чаҳорчӯби ин сафар Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардад, иштирок менамояд.
Дар ҳошияи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар назар аст ва дар доираи он масъалаҳои васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки 14-15 сентябри соли 2023 зери раёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
Ҳамзамон дар ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.