Баргузории Форуми тиҷоратии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар Ҷиззах

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкДжамшид Кучкаров министр экономического развития
Джамшид Кучкаров министр экономического развития  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2023
Обуна шудан
Вазири иқтисод ва молияи Ӯзбекистон дар форуми иқтисодии Душанбе гуфт,ки кишвараш сол аз сол бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои тиҷориашро тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Вазири иқтисод ва молияи Ӯзбекистон Ҷамшед Кучкаров, қайд кард, ки ҳукумати кишвараш барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ дар шаҳри Ҷиззах форуми тиҷории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад
“Имсол дар вилояти Ҷизах баргузории ҳамоиши тоҷирони Узбакистону Тоҷикистон дар назар аст”, - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки дар солҳои ахир рушди ҳамкорӣ миёни соҳибкорони хурду миёна, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ, чорводорӣ, саноати хӯрокворӣ ва нассоҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
Вай гуфт ҳукумати ӯзбекистон б ҳамкориҳои байниминтақавӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2023
Завқизода: Кишварҳои минтақа бо талошҳои муштарак метавонанд бо фишорҳо муқовимат кунанд
Намунаи беҳтарини фаъолияти ҳукумати Ӯзбекистон ин ташкили “Форуми байниминтақавии ӮзбекистонуТуркманистон” дар шаҳри Бухоро ва баргузории Форуми байниминтақавии Ӯзбекистону Туркманистон дар шаҳри Тошканд аст.
Ҳамчунин вазири ӯзбек қайд кард, ки кишвараш ният дорад дар соли 2023 чунин форумҳои тиҷорӣ бо Тоҷикистону Қирғизистон низ баргузор кунад.
Ҳамчунин ба гуфтаи оқои Ҷамшед Кучкаров ҳукумати Ӯзбекистон ба ташкили марказҳои байнимарзии савдо ва кооперацияи саноатӣ тавваҷуҳ дорад, ки ояндаи хеле дурахшон доранд.
Лентаи хабарҳо
0