https://sputnik.tj/20230914/muloqot-rahmon-kishvardoron-qazoqistonu-qirghiziston-dushanbe-1059383195.html
Мулоқоти Раҳмон бо кишвардорони Қазоқистону Қирғизистон: чиро баррасӣ карданд?
Мулоқоти Раҳмон бо кишвардорони Қазоқистону Қирғизистон: чиро баррасӣ карданд?
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон бо ҳамтоёни қазоқу қирғизаш дидору мулоқот карда, масоили шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳоро баррасӣ кард
2023-09-14T12:53+0500
2023-09-14T12:53+0500
2023-09-14T12:53+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
қосим -жомарт тоқаев
содир ҷабборов
душанбе
қирғизистон
мулоқот
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0e/1059382079_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_ee41782c945e9c0ddf8aad2b00589997.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии ҳукумат бо раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов дидору мулоқот кард. Президентҳо барои ширкат дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Душанбе омадаанд.Бо Қосимҷомарт Тоқаев президенти Тоҷикистон маҷмӯи масоили шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо, ҳамчунин рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи олиро баррасӣ кард, гузориш медиҳад дафтари матбуотии президент.Онҳо ҳамчунин, робитаҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши молро муҳокима намуданд.Тоқаев, Ҷабборов, Мирзиёев, Алиев ва Бердимуҳаммадов вориди Душанбе шудандКишвардорон аз робитаҳои самарабахши доираҳои соҳибкорӣ ва натиҷаҳои Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон, ки чанд рӯз пеш баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Суҳбат бо Содир ҶабборовРаҳмон ва ҳамтои қирғизаш зимни суҳбат ба масъалаи рушди муносиботи ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон, таваҷҷуҳ карда, аз идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ, бахусус дар сатҳи олӣ ҷонибдорӣ намуданд.Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба мавзӯъҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кардаанд.
душанбе
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0e/1059382079_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_29a4b947d252dd252c3d5ce6b68482f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дидор, раҳмон, кишвардорон, қазоқистон, қирғизистон
дидор, раҳмон, кишвардорон, қазоқистон, қирғизистон
Мулоқоти Раҳмон бо кишвардорони Қазоқистону Қирғизистон: чиро баррасӣ карданд?
Кишвардори Тоҷикистон бо ҳамтоёни қазоқу қирғизаш дидору мулоқот карда, масоили шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии ҳукумат бо раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов дидору мулоқот кард.
Президентҳо барои ширкат дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Душанбе омадаанд.
Бо Қосимҷомарт Тоқаев президенти Тоҷикистон маҷмӯи масоили шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо, ҳамчунин рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи олиро баррасӣ кард, гузориш медиҳад дафтари матбуотии президент.
Онҳо ҳамчунин, робитаҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши молро муҳокима намуданд.
Кишвардорон аз робитаҳои самарабахши доираҳои соҳибкорӣ ва натиҷаҳои Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон, ки чанд рӯз пеш баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Раҳмон ва ҳамтои қирғизаш зимни суҳбат ба масъалаи рушди муносиботи ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон, таваҷҷуҳ карда, аз идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ, бахусус дар сатҳи олӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба мавзӯъҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кардаанд.