https://sputnik.tj/20230914/emomali-rahmon-shavkat-mirziyoev-muloqot-1059383759.html
Миннатдории Эмомалӣ Раҳмон аз Шавкат Мирзиёев барои дастгирӣ
Миннатдории Эмомалӣ Раҳмон аз Шавкат Мирзиёев барои дастгирӣ
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекаш дар ҳошиаи Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мулоқот карда барои дастгириҳо иҳзори сипос намуд
2023-09-14T14:01+0500
2023-09-14T14:01+0500
2023-09-14T14:01+0500
шавкат мирзиёев
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
душанбе
сиёсат
мулоқот
президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0e/1059383385_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_2b197f302b7b8a55969efbaa95ce341d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумат бо раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дидору мулоқот кард.Мирзиёев барои ширкат дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Душанбе омадааст.Президентҳо дар рафти вохӯрӣ ҷанбаҳои мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишварро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии президент. Раҳмон аз ҷараёни баланди рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар ҳама соҳаҳо, изҳори қаноатмандӣ кард.Рустами Эмомалӣ: таҳкими ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон аз афзалиятҳои сиёсати давлати мостКишвардорон ҳамчунин, зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок муҳокима намуданд.Кишвардорон давоми суҳбат, атрофи масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ гуфтугӯ карданд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0e/1059383385_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_cb9bdb422b4407a2205756faaf01b229.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев
эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев
Миннатдории Эмомалӣ Раҳмон аз Шавкат Мирзиёев барои дастгирӣ
Президенти Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекаш дар ҳошиаи Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мулоқот карда барои дастгириҳо иҳзори сипос намуд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумат бо раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дидору мулоқот кард.
Мирзиёев барои ширкат дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Душанбе омадааст.
Президентҳо дар рафти вохӯрӣ ҷанбаҳои мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишварро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии президент.
Раҳмон аз ҷараёни баланди рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар ҳама соҳаҳо, изҳори қаноатмандӣ кард.
Кишвардорон ҳамчунин, зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок муҳокима намуданд.
"Ба ҷониби Ӯзбекистон ҷиҳати дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар раёсати Вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал изҳори сипос карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Кишвардорон давоми суҳбат, атрофи масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ гуфтугӯ карданд.