https://sputnik.tj/20230913/rustam-emomali-tahkim-hamkori-uzbekiston-davlati-1059366434.html
Рустами Эмомалӣ: таҳкими ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон аз афзалиятҳои сиёсати давлати мост
Рустами Эмомалӣ: таҳкими ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон аз афзалиятҳои сиёсати давлати мост
Sputnik Тоҷикистон
Раисони палатаҳои болоии парламентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд
2023-09-13T16:30+0500
2023-09-13T16:30+0500
2023-09-13T16:30+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
сиёсат
парлумон
рустами эмомалӣ
маҷлиси миллӣ
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0d/1059365098_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_263d3ff26460b436b94872b7e1445300.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Созишномаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси Ӯзбекистон ба имзо расид. Имзои санад дар доираи сафари кории раиси палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон, Танзила Нарбаева дар Душанбе сурат гирифт. Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Нарбаева дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш, Рустами Эмомалӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуд. Рустами Эмомалӣ таъкид кардаст, ки рушди ҳамаҷониба ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнокро ишғол намуда, инъикосгари талошҳо ва ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ду халқи бо ҳам дӯст мебошад.Вай изҳор доштаст, ки ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд ва боназардошти эҳтироми манфиатҳои тарафайн, аз озмоишҳои зиёд гузашта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд."Имрӯз робитаҳои байни ду давлат дар соҳаҳои сиёсию дипломатӣ, тиҷорати иқтисодӣ, илмиву техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбию техникӣ ва дигар соҳаҳо бомуваффақият рушд мекунанд", - гуфт раиси Маҷлиси миллӣ.Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати тақвияти муколамаи байнипарламентӣ ва таъмини рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо назардошти манфиатҳои мардумони ду кишвар баён доштаанд.
https://sputnik.tj/20230828/anjom-muzokirot-tojikistonu-uzbekiston-1059091950.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0d/1059365098_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_8b7f8082794f94f79f9ad92e51123f6f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имзо, санад, ҳамкорӣ, тоҷикистон, ӯзбекистон
имзо, санад, ҳамкорӣ, тоҷикистон, ӯзбекистон
Рустами Эмомалӣ: таҳкими ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон аз афзалиятҳои сиёсати давлати мост
Раисони палатаҳои болоии парламентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Созишномаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси Ӯзбекистон ба имзо расид.
Имзои санад дар доираи сафари кории раиси палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон, Танзила Нарбаева дар Душанбе сурат гирифт.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Нарбаева дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш, Рустами Эмомалӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуд.
Рустами Эмомалӣ таъкид кардаст, ки рушди ҳамаҷониба ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнокро ишғол намуда, инъикосгари талошҳо ва ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ду халқи бо ҳам дӯст мебошад.
Вай изҳор доштаст, ки ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд ва боназардошти эҳтироми манфиатҳои тарафайн, аз озмоишҳои зиёд гузашта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.
"Имрӯз робитаҳои байни ду давлат дар соҳаҳои сиёсию дипломатӣ, тиҷорати иқтисодӣ, илмиву техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбию техникӣ ва дигар соҳаҳо бомуваффақият рушд мекунанд", - гуфт раиси Маҷлиси миллӣ.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати тақвияти муколамаи байнипарламентӣ ва таъмини рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо назардошти манфиатҳои мардумони ду кишвар баён доштаанд.