Аз аҳволи тоҷикони Русия бештар бохабар мешавем: Рӯнамоии сомонаи ҷадид дар сафорат

© Sputnik Мужчина в кабинете
Мужчина в кабинете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2023
Обуна шудан
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯнамои сомонаи расмии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикстон дар Русия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Сомонаи расмии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо дастгирии Сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ва мусоидати ҳамватанони бурунмарзӣ, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони Русия таҳия ва мавриди корбарӣ қарор дода шудааст.
Қайд карда шудааст, ки сомонаи расмии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон "таджики-россии.рф" роҳнамои мувофиқе барои ҳар шаҳрванди кишвар дар қаламрави Русия буда, дар айни ҳол сомона бо забони тоҷикӣ фаъол гардида, дар кутоҳтарин муҳлат бахши забони русии он мавриди корбарӣ низ қарор дода мешавад.
“Дар сомонаи мазкур маълумотҳо дар бораи ҳаёту фаъолияти ҳамватанони бурунмарзӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёну соҳибкорон нашр карда шуда, тавсияву машваратҳои ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои муҳими шаҳрвандони кишвар дар Русия таҳия карда мешаванд”, - қайд кардааст Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат.
Сомонаи расмии Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун платформаи иттилоотрасонӣ миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади мутобиқгардонӣ ва муаррифии фарҳангу таърихи халқи тоҷик дар қаламрави кишвари иқомат, тарбия намудани насли ҷавон дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллиро иникос мекунад.
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2023
Фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия бо мақомоти Тоҷикистон беҳтар мегардад
Ҳамчунин дар ин сомона муаррифии дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар, тарғиби мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ва барои таҳким бахшидани муносибатҳои бародарӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия хабару гузоришҳо ва маводҳои таҳлиливу илмӣ инъикос ёфтааст.
Инчунин, дар сомонаи мазкур пайваста маълумотҳо вобаста ба ҷойҳои кории холӣ дар қаламрави Русия нашр карда шуда, дар корхонаҳои мазкур шаҳрвандони кишвар метавонанд расман фаъолияти меҳнатӣ намоянд.
Ҳамзамон, шаҳрвандон барои ба доми фиреби миёнаравҳо дода нашудан, метавонанд чиптаҳои ҳавоиро аз сомонаи расмии Шӯрои ҷамъиятӣ дастрас намоянд.
Лентаи хабарҳо
0