https://sputnik.tj/20230913/faoliyat-jamiyat-tojikoni-rusiya-maqomot-behtar-1059355053.html
Фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия бо мақомоти Тоҷикистон беҳтар мегардад
Фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия бо мақомоти Тоҷикистон беҳтар мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Русия барои ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар сафорат утоқи кории вижа боз шудааст
2023-09-13T14:28+0500
2023-09-13T14:28+0500
2023-09-13T14:28+0500
дар тоҷикистон
русия
муҳоҷират
сафорат
ҷамъият
фаъолият
утоқ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0d/1059354689_0:133:604:473_1920x0_80_0_0_980ede83aa99dc0eed76b4315ada41a2.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар бинои Сафорат дар кӯчаи Чаянови шаҳри Маскави Россия утоқи корӣ барои ҳамкории бештар бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон утоқи корӣ боз шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ин утоқи корӣ барои ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон, марказҳои маданиву фарҳангӣ ва ҳамкории пайваста бо созмонҳои ҷамъиятиву давлатии кишвари иқомат боз шудааст.Қайд карда шудааст, ки ҳайати Котибот ва роҳбарони гуруҳҳои кории Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар он ҳамарӯза фаъолият доранд.Ёдовар мешавем, ки дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис ёфт, ташкилоти мазкур ҳамкориро бо ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангӣ ва мадании тоҷикон тақвият дода, муносибатҳои муштаракро бо созмонҳои ҷамъиятиву давлатии Русия ба роҳ мондааст.Инчунин, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои пайваста дар самти фароҳамоварии шароити мусоиди маданиву фарҳангӣ барои ҳамватанони бурунмарзӣ дар қаламрави Русия аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятӣ дар Хадамоти консулгарии Сафорат дар шаҳри Маскав Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ (диаспора) ва фаъолони ҷамъиятии Ҳавзаи Федералии Марказӣ таъсис дода шуда, чунин Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораҳо дар Ҳавзаи Шимолу Ғарби Русия дар шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград фаъолият дорад.Манбаъ қайд кардааст, ки таъсиси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат барои таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Русия, мутобиқшавии ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ, тарғибу ташфиқи арзишҳои милливу таърихӣ, гиромидошти асолату ҳуввияти миллати тоҷик дар миёни насли ҷавон, тарбия намудани насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони кишвар заминаи муосидро фароҳам меоварад.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки минбаъд барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангиву маданӣ, фаъолони тоҷик, донишҷӯёну ҳамватанони муқими Русия барои баррасии мушкилоти худ метавонанд ба Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат дар Русия муроҷиат намоянд.
https://sputnik.tj/20230713/namoyandagi-markazi-muhojirat-khatlon-1058254046.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0d/1059354689_0:20:604:473_1920x0_80_0_0_5323ebefe7fd49b653dd4ca071ae8843.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, фаъолият, ҷамъияти тоҷикон, ташкилот, сафорат
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, фаъолият, ҷамъияти тоҷикон, ташкилот, сафорат
Фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия бо мақомоти Тоҷикистон беҳтар мегардад
Дар пойтахти Русия барои ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар сафорат утоқи кории вижа боз шудааст
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар бинои Сафорат дар кӯчаи Чаянови шаҳри Маскави Россия утоқи корӣ барои ҳамкории бештар бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон утоқи корӣ боз шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин утоқи корӣ барои ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон, марказҳои маданиву фарҳангӣ ва ҳамкории пайваста бо созмонҳои ҷамъиятиву давлатии кишвари иқомат боз шудааст.
Қайд карда шудааст, ки ҳайати Котибот ва роҳбарони гуруҳҳои кории Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар он ҳамарӯза фаъолият доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис ёфт, ташкилоти мазкур ҳамкориро бо ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангӣ ва мадании тоҷикон тақвият дода, муносибатҳои муштаракро бо созмонҳои ҷамъиятиву давлатии Русия ба роҳ мондааст.
Инчунин, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои пайваста дар самти фароҳамоварии шароити мусоиди маданиву фарҳангӣ барои ҳамватанони бурунмарзӣ дар қаламрави Русия аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятӣ дар Хадамоти консулгарии Сафорат дар шаҳри Маскав Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ (диаспора) ва фаъолони ҷамъиятии Ҳавзаи Федералии Марказӣ таъсис дода шуда, чунин Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораҳо дар Ҳавзаи Шимолу Ғарби Русия дар шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград фаъолият дорад.
Манбаъ қайд кардааст, ки таъсиси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат барои таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Русия, мутобиқшавии ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ, тарғибу ташфиқи арзишҳои милливу таърихӣ, гиромидошти асолату ҳуввияти миллати тоҷик дар миёни насли ҷавон, тарбия намудани насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони кишвар заминаи муосидро фароҳам меоварад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки минбаъд барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангиву маданӣ, фаъолони тоҷик, донишҷӯёну ҳамватанони муқими Русия барои баррасии мушкилоти худ метавонанд ба Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат дар Русия муроҷиат намоянд.