Бо сармояи хориҷӣ ва соҳибкорон 30 км роҳи шаҳри Бохтар мумфарш шуд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСтроительство автомобильной дороги
Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2023
Обуна шудан
Имсол аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳри Бохтар зиёда аз ду километр роҳҳои маҳаллаҳои шаҳр мумфарш карда шуданд.
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Солҳои охир бо дасгирии ҳукумати кишвар, Вазорати нақлиёт, сармояҳои хориҷӣ, мақомоти маҳаллию соҳибкорон беш аз 30 километр роҳҳои мошингарди маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
Дар ин бора ба сомонаи “Фараж” Сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Бохтар Юсуфзода Бузургмеҳр хабар додааст.
Ба иттилои вай, дар доираи лоиҳаи тармим ва таҷдиди роҳҳои дохилии шаҳри Бохтар аз тарафи Дирексияи сохтмонии дастгоҳи Президент Тоҷикистон бо ёрдами Чин 26.3 км роҳҳо дар 31 кӯча ва хиёбонҳои шаҳр 5 пули мошингузар, як гузаргоҳи зеризаминӣ, як ҷуфт чароғаки роҳнамо ва зиёда аз 350 аломати роҳ дар маҷмуъ бо харҷи 107 млн сомонӣ дар доираи ҷашни 30 солагии Истиқлолият сохта ба истифода дода шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2023
Ҳушдори раиси вилояти Хатлон: “Ба изофанависӣ ва қочоқи пахта роҳ дода нашавад”
Вай қайд кардаааст, ки дар доираи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлати кишвар бошад имсол дар маҳаллаи Хатлон зиёда аз 2 км роҳ мунфарш карда шуд. Ҳамчунин аз тарафи буҷети маҳаллӣ роҳи маҳаллаи Ваҳдат ва дигар маҳалаҳо мумфарш карда шудаанд.
Бохтар Юсуфзода илова кард, ки аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бошад зиёда аз 2 км роҳҳои маҳаллаҳои шаҳр мумфарш карда шуда, инчунин зиёда аз 2 км роҳи маҳаллаи Ҳ.Шариф таъмири асосӣ карда шуда, таъмир дар дигар роҳҳо бо маром идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0