https://sputnik.tj/20230804/hushdor-rais-viloyati-khatlon-izofanavisi-qochoq-pakhta-1058649481.html
Ҳушдори раиси вилояти Хатлон: “Ба изофанависӣ ва қочоқи пахта роҳ дода нашавад”
Ҳушдори раиси вилояти Хатлон: “Ба изофанависӣ ва қочоқи пахта роҳ дода нашавад”
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон ба ниҳодҳои дахлдлор дастуру супориш дод, ки барои роҳ надодан ба қочоқи пахта ва пешгирии изофанависӣ чораҳои мушаххас андешанд
2023-08-04T18:55+0500
2023-08-04T18:55+0500
2023-08-04T20:54+0500
дар тоҷикистон
дастур
супориш
давлаталӣ саид
хатлон
пахта
қочоқ
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/04/1058649299_0:23:2048:1175_1920x0_80_0_0_262d224b1a4a6512b09fdaf345edc0f6.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷаласае гуфт, ки соли 2022 аз ҷониби 158 корхонаи хурду калони вилоят 262 ҳазору 404 тонна пахта қабул ва коркард шуда бошад ҳам, аз ҷониби нозирот ҳамагӣ 64,5 миллион сомонӣ ва ё дар сатҳи 94,8 фоизи маблағи ҳисобӣ ворид карда шудааст.Вай гуфт, дар ҳоле ки маблағи эҳтимолии андозбандии танҳо корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ мебоист 69 миллион сомониро ташкил диҳад. Аз ин ҳисоб ҳамагӣ 27,9 миллион сомонӣ ҳисобӣ шуда, 28,4 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.Вобаста ба ин масъала ниҳодҳои дахлдор вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба қабул, коркард ва интиқоли пахта аз ҷониби корхонаҳои коркард аз рӯйи талаботи меъёрҳои пешбинишуда барои таъмини тавозуни ҳаракати пахта тадбирҳои судманд андешанд.Ҳамчунин, раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳарчанд мавсими аввали чиниши пахта оғоз шуда бошад ҳам, айни замон аз 58 корхонаи пахтатозакунии шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 16 ададашон омодаи кор буда, дар 36 корхона корҳои таъмирӣ идома дорад. “Кишоварзони вилоят дар майдони 123 ҳазору 270 га навъҳои гуногуни пахтаро кишт намудаанд. Дар натиҷаи заҳмати деҳқонон майдонҳои пахтазор хуб нашъунамо ёфта, дар давраи ҳосилбандӣ қарор доранд. Мутобиқи маълумоти мутахассисон, ҳосили интизорӣ ва биологии пахта қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо ҳосили зинаи якуми пахта ба чиниш расидааст”,- гуфт Давлаталӣ Саид.Вай илова кард, ки соли сипаришуда дар мавсими ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супоридани пахта як қатор камбудиву норасоиҳо, аз ҷумла бо нархи паст харидорӣ намудан ва сари вақт напардохтани маблағи он норозигии деҳқононро ба миён овард.Давлаталӣ Саид ба шахсони масъул супориш дод, ки бо ташкилотҳои соҳавӣ масъалаи маблағгузории ҳосили имсола омӯхта ва ҳал карда шавад.Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, роҳ надодан ба қочоқи он, пешгирии изофанависӣ, ба роҳ мондани назорати дурусти механизми ҷамъоварии пахта ва коркарди он ба ниҳодҳои дахлдлор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
https://sputnik.tj/20230804/maqomoti-khatlon-viloyat-muzdi-miyona-mehnat-1058625324.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/04/1058649299_108:0:1928:1365_1920x0_80_0_0_cc724f1a3fcf01e9d891d21d6bd99989.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, дастур, супориш, қочоқ, пахта, изофанависӣ, пешгирӣ, супориш, дастур
тоҷикистон, хатлон, дастур, супориш, қочоқ, пахта, изофанависӣ, пешгирӣ, супориш, дастур
Ҳушдори раиси вилояти Хатлон: “Ба изофанависӣ ва қочоқи пахта роҳ дода нашавад”
18:55 04.08.2023 (Навсозишуда: 20:54 04.08.2023) Раиси вилояти Хатлон ба ниҳодҳои дахлдлор дастуру супориш дод, ки барои роҳ надодан ба қочоқи пахта ва пешгирии изофанависӣ чораҳои мушаххас андешанд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷаласае гуфт, ки соли 2022 аз ҷониби 158 корхонаи хурду калони вилоят 262 ҳазору 404 тонна пахта қабул ва коркард шуда бошад ҳам, аз ҷониби нозирот ҳамагӣ 64,5 миллион сомонӣ ва ё дар сатҳи 94,8 фоизи маблағи ҳисобӣ ворид карда шудааст.
Вай гуфт, дар ҳоле ки маблағи эҳтимолии андозбандии танҳо корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ мебоист 69 миллион сомониро ташкил диҳад. Аз ин ҳисоб ҳамагӣ 27,9 миллион сомонӣ ҳисобӣ шуда, 28,4 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.
Вобаста ба ин масъала ниҳодҳои дахлдор вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба қабул, коркард ва интиқоли пахта аз ҷониби корхонаҳои коркард аз рӯйи талаботи меъёрҳои пешбинишуда барои таъмини тавозуни ҳаракати пахта тадбирҳои судманд андешанд.
Ҳамчунин, раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳарчанд мавсими аввали чиниши пахта оғоз шуда бошад ҳам, айни замон аз 58 корхонаи пахтатозакунии шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 16 ададашон омодаи кор буда, дар 36 корхона корҳои таъмирӣ идома дорад.
“Кишоварзони вилоят дар майдони 123 ҳазору 270 га навъҳои гуногуни пахтаро кишт намудаанд. Дар натиҷаи заҳмати деҳқонон майдонҳои пахтазор хуб нашъунамо ёфта, дар давраи ҳосилбандӣ қарор доранд. Мутобиқи маълумоти мутахассисон, ҳосили интизорӣ ва биологии пахта қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо ҳосили зинаи якуми пахта ба чиниш расидааст”,- гуфт Давлаталӣ Саид.
Вай илова кард, ки соли сипаришуда дар мавсими ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супоридани пахта як қатор камбудиву норасоиҳо, аз ҷумла бо нархи паст харидорӣ намудан ва сари вақт напардохтани маблағи он норозигии деҳқононро ба миён овард.
Давлаталӣ Саид ба шахсони масъул супориш дод, ки бо ташкилотҳои соҳавӣ масъалаи маблағгузории ҳосили имсола омӯхта ва ҳал карда шавад.
Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, роҳ надодан ба қочоқи он, пешгирии изофанависӣ, ба роҳ мондани назорати дурусти механизми ҷамъоварии пахта ва коркарди он ба ниҳодҳои дахлдлор дастуру супоришҳои мушаххас дод.