https://sputnik.tj/20230913/dushanbe-natija-muloqot-rahbaron-osiyoi-markazi-barrasi-1059352726.html
Дар Душанбе натиҷаҳои мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад
Дар Душанбе натиҷаҳои мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти раҳбарони минтақаро баррасӣ хоҳанд кард
2023-09-13T10:26+0500
2023-09-13T10:26+0500
2023-09-13T10:26+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
осиёи марказӣ
мулоқот
вазир
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057577463_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_7047dd1fd4c93e7bc4472f955ee48cb2.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Вазирони умури хориҷаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе мулоқоте анҷом дода дар он асноди ниҳоии нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва масоили байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои вазорат, маҷлиси вазирон таҳти раёсати вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор мешавад.Вазорат қайд кардааст, ки вазирон ҳамчунин дар масъалаи рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар хоҳанд кард.Вазорати умури хориҷа ёдовар шуд, ки рӯзи 12 сентябр дар Душанбе машваратҳои коршиносон дар масъалаи таҳияи асноди ниҳоии нишасти кишварҳои минтақа ва ҳамчунин нишасти Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал баргузор шуд."Дар рафти машваратҳо матнҳои лоиҳаи изҳороти муштараки сарони давлатҳо дар пайи ҷаласаи панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, изҳороти Душанбеи сарони давлатҳо – муассисони нишасти Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, инчунин бастаи Ҳуҷҷатҳои ниҳоии нишастҳои Душанбе мувофиқа карда шуданд", - иттилоъ додааст ВУХ.Панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.Ҳамчунин дар ин рӯзҳо баргузории ҷаласаи Шӯрои нишасти Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, ки соли 1993 бо ҳадафи рафъи бӯҳрони экологӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳавзаи Арал таъсис ёфтааст, дар назар аст.
https://sputnik.tj/20230830/tojikiston-nishasti-saroni-osiyoi-markazi-ima-davat-1059126473.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057577463_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_10a090c7cdb8b714438e6a0260dce582.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вух, осиёи марказӣ, мулоқот, душанбе, минтақа, баррсӣ
тоҷикистон, вух, осиёи марказӣ, мулоқот, душанбе, минтақа, баррсӣ
Дар Душанбе натиҷаҳои мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад
Вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти раҳбарони минтақаро баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Вазирони умури хориҷаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе мулоқоте анҷом дода дар он асноди ниҳоии нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва масоили байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, маҷлиси вазирон таҳти раёсати вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор мешавад.
“Вазирони хориҷа лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рӯйхати асноди ниҳоиро баррасӣ ва тасдиқ хоҳанд кард”, - гуфтанд дар вазорат.
Вазорат қайд кардааст, ки вазирон ҳамчунин дар масъалаи рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар хоҳанд кард.
Вазорати умури хориҷа ёдовар шуд, ки рӯзи 12 сентябр дар Душанбе машваратҳои коршиносон дар масъалаи таҳияи асноди ниҳоии нишасти кишварҳои минтақа ва ҳамчунин нишасти Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал баргузор шуд.
"Дар рафти машваратҳо матнҳои лоиҳаи изҳороти муштараки сарони давлатҳо дар пайи ҷаласаи панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, изҳороти Душанбеи сарони давлатҳо – муассисони нишасти Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, инчунин бастаи Ҳуҷҷатҳои ниҳоии нишастҳои Душанбе мувофиқа карда шуданд", - иттилоъ додааст ВУХ.
Панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Ҳамчунин дар ин рӯзҳо баргузории ҷаласаи Шӯрои нишасти Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, ки соли 1993 бо ҳадафи рафъи бӯҳрони экологӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳавзаи Арал таъсис ёфтааст, дар назар аст.