https://sputnik.tj/20230913/dilshodi-sb-rusiya-kumakkhohi-tojikon-gumonbari-qatl-1059367508.html
"Дилшоди СБ" дар озодист: Кумакхоҳӣ аз тоҷикон барои пайдо кардани гумонбари қатли бонкдор
"Дилшоди СБ" дар озодист: Кумакхоҳӣ аз тоҷикон барои пайдо кардани гумонбари қатли бонкдор
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русияро ба ҳамкорӣ дар боздошти яке аз муттаҳамони қатли ноиби раиси "Ориёнбонк" даъват кард 13.09.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-09-13T17:15+0500
2023-09-13T17:15+0500
2023-09-13T17:15+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
ҳамкорӣ
боздошт
бонк
сафорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101952/70/1019527007_0:0:3019:1699_1920x0_80_0_0_9b4404ab50091fc61ab009487386b387.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Узви гуруҳи муташаккили ҷиноии муттаҳам дар куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини якуми раис "Ориёнбонк" - Дилшод Саидмуродов, муаллаққаб ба "Дилшоди СБ" айни ҳол дар Русия қарор дорад. Дар ин бора намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, зимни мулоқот роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони Русия иттилоъ дод. Ба итилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар ин мулоқот роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони беш аз 50 минтақаи Русия иштирок доштанд. Намояндаи додситонӣ тоҷикони Русияро даъват кард, ки барои дастгир ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ таслим намудани Дилшод Саидмуродов ҳамкорӣ кунанд. Таъкид шудаст, ҳар нафаре, ки вобаста ба буду боши ҷинояткор иттилоъ медиҳад, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад ва рақамҳои +7 (925) 908 63 39 барои тамос пешниҳод шудаанд. Қаблан вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, аз ҷумла барои баррасии ҷустуҷӯ ва пайдо намудани Саидмуродов ба Маскав омада, бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев ин масъаларо баррасӣ намуд. Вазорати корҳои дохилии Русия, гуфта буд, ки ду гумонбар дар куштори яке аз бонкдорон дар Тоҷикистон боздошт шуданд. Аммо зоҳиран "Дилшоди СБ" дар минёнашон набудаст.Мақомоти тоҷик қаблан итилоъ дода буданд, ки 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, баъдан дар натиҷаи шиканҷа ба қатл расондаанд.Раҳбарии ин гуруҳро Дилшод Саидмуродов, мулаққаб бо номи "Дилшоди СБ", собиқ корманди мақомоти корҳои дохилии Тоҷиикстон ба ӯҳда доштаст, ки баъди содир намудани ҷиноят ба иттилои мақомот ба Русия фирор кардааст.Додситонии кулли Тоҷикистон дар умум дар ин ҷиноят 16 нафар даст доштаанд, ки аксарияти онҳо аллакай боздошт гардиданд.
https://sputnik.tj/20230815/kambudi-most-rahmon-rabudanu-kushtor-noibi-oriyonbonk-1058837099.html
https://sputnik.tj/20230811/vazir-duzdii-muovin-oriyonbonk-kormand-peshin-vkd-dast-1058768121.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101952/70/1019527007_145:0:2874:2047_1920x0_80_0_0_8c30665bfbf749194df2c1bb1f29b45a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муҳоҷират, ҳамкорӣ, боздошт, бонк, сафорат
дар тоҷикистон, муҳоҷират, ҳамкорӣ, боздошт, бонк, сафорат
"Дилшоди СБ" дар озодист: Кумакхоҳӣ аз тоҷикон барои пайдо кардани гумонбари қатли бонкдор
Додситонии кулли Тоҷикистон роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русияро ба ҳамкорӣ дар боздошти яке аз муттаҳамони қатли ноиби раиси "Ориёнбонк" даъват кард
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Узви гуруҳи муташаккили ҷиноии муттаҳам дар куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини якуми раис "Ориёнбонк" - Дилшод Саидмуродов, муаллаққаб ба "Дилшоди СБ" айни ҳол дар Русия қарор дорад.
Дар ин бора намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, зимни мулоқот роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони Русия иттилоъ дод.
Ба итилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар ин мулоқот роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони беш аз 50 минтақаи Русия иштирок доштанд.
Намояндаи додситонӣ тоҷикони Русияро даъват кард, ки барои дастгир ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ таслим намудани Дилшод Саидмуродов ҳамкорӣ кунанд.
Таъкид шудаст, ҳар нафаре, ки вобаста ба буду боши ҷинояткор иттилоъ медиҳад, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад ва рақамҳои +7 (925) 908 63 39 барои тамос пешниҳод шудаанд.
Қаблан вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, аз ҷумла барои баррасии ҷустуҷӯ ва пайдо намудани Саидмуродов ба Маскав омада, бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев ин масъаларо баррасӣ намуд.
Вазорати корҳои дохилии Русия, гуфта буд, ки ду гумонбар дар куштори яке аз бонкдорон дар Тоҷикистон боздошт шуданд. Аммо зоҳиран "Дилшоди СБ" дар минёнашон набудаст.
Мақомоти тоҷик қаблан итилоъ дода буданд, ки 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, баъдан дар натиҷаи шиканҷа ба қатл расондаанд.
Раҳбарии ин гуруҳро Дилшод Саидмуродов, мулаққаб бо номи "Дилшоди СБ", собиқ корманди мақомоти корҳои дохилии Тоҷиикстон ба ӯҳда доштаст, ки баъди содир намудани ҷиноят ба иттилои мақомот ба Русия фирор кардааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар умум дар ин ҷиноят 16 нафар даст доштаанд, ки аксарияти онҳо аллакай боздошт гардиданд.