https://sputnik.tj/20230912/hukumat-khabar-takhrib-mirzo-tursunzoda-1059337928.html
Ҳукумат хабари тахриби хонаи Мирзо Турсунзодаро шарҳ дод
Ҳукумат хабари тахриби хонаи Мирзо Турсунзодаро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе эълон кард, манзили истиқоматие, ки дар он шоир ва қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода дар пойтахт мезист, тахриб намешавад
2023-09-12T12:23+0500
2023-09-12T12:23+0500
2023-09-12T12:40+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
иттиҳоди шӯравӣ
мирзо турсунзода
хона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101932/58/1019325840_0:95:1914:1171_1920x0_80_0_0_69b9d4dea036ea9d5e00920b276c349f.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Хабарҳои бартараф намудани хонае, ки дар он қаҳрамони Тоҷикистон, шоир Мирзо Турсунзода мезист, асоси воқеӣ надоранд. Ин нуктаро шаҳрдории Душанбе бо нашри як эълон баён дошт. Манбаъ зикр намуд, ки хабарҳои тахриби хонаи Мирзо Турсунзода ахиран дар шабакаҳо паҳн гардиданд. "Дар бораи бартараф намудани хона аз ҷониби мақомот ягон тасмим гирифта нашудааст", - омадааст дар иттилоия. Мирзо Турсунзода арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, шоири халқӣ, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, қаҳрамони Тоҷикистон, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони кишвар, собиқ раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Вай соли 1911 дар рустои Қаротоғи ноҳияи Ҳисор чашм ба олам кушода пас аз фавти модар дар парваришгоҳ тарбият гирифтаст. Муаллифи осори зиёде чун "Қиссаи Ҳиндустон", "Ҳасани аробакаш", "Духтари муқаддас", "Садои Осиё", "Чароғи абадӣ", "Ҷони ширин" ва "Аз Ганг то Кремл" буда ва барои китоби "Садои Осиё" дар соли 1960 ҷоизаи Ленини Иттиҳоди Шӯравӣ ва барои китоби “Ҷони ширин” ҷоизаи ба номи Рӯдакиро соҳиб шуд. Турсунзода соли 1977 даргузашт. Ба хотири ӯ дар Тоҷикистон номи шаҳре Турсунзода гузошта шуда, аксаш дар пули миллии 1 сомонӣ тасвир ёфтааст.
https://sputnik.tj/20230907/utoq-qahramon-tojikiston-maktab-rusi-gagarin-1059269233.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101932/58/1019325840_0:0:1914:1435_1920x0_80_0_0_adb197accb6ac99fa01907007a4c91fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хона, мирзо турсунзода, тахриб, душанбе, қаҳрамон
хона, мирзо турсунзода, тахриб, душанбе, қаҳрамон
Ҳукумат хабари тахриби хонаи Мирзо Турсунзодаро шарҳ дод
12:23 12.09.2023 (Навсозишуда: 12:40 12.09.2023) Шаҳрдории Душанбе эълон кард, манзили истиқоматие, ки дар он шоир ва қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода дар пойтахт мезист, тахриб намешавад
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Хабарҳои бартараф намудани хонае, ки дар он қаҳрамони Тоҷикистон, шоир Мирзо Турсунзода мезист, асоси воқеӣ надоранд.
Ин нуктаро шаҳрдории Душанбе бо нашри як эълон баён дошт. Манбаъ зикр намуд, ки хабарҳои тахриби хонаи Мирзо Турсунзода ахиран дар шабакаҳо паҳн гардиданд.
"Дар бораи бартараф намудани хона аз ҷониби мақомот ягон тасмим гирифта нашудааст", - омадааст дар иттилоия.
Мирзо Турсунзода арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, шоири халқӣ, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, қаҳрамони Тоҷикистон, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони кишвар, собиқ раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
Вай соли 1911 дар рустои Қаротоғи ноҳияи Ҳисор чашм ба олам кушода пас аз фавти модар дар парваришгоҳ тарбият гирифтаст.
Муаллифи осори зиёде чун "Қиссаи Ҳиндустон", "Ҳасани аробакаш", "Духтари муқаддас", "Садои Осиё", "Чароғи абадӣ", "Ҷони ширин" ва "Аз Ганг то Кремл" буда ва барои китоби "Садои Осиё" дар соли 1960 ҷоизаи Ленини Иттиҳоди Шӯравӣ ва барои китоби “Ҷони ширин” ҷоизаи ба номи Рӯдакиро соҳиб шуд.
Турсунзода соли 1977 даргузашт. Ба хотири ӯ дар Тоҷикистон номи шаҳре Турсунзода гузошта шуда, аксаш дар пули миллии 1 сомонӣ тасвир ёфтааст.