https://sputnik.tj/20230912/elon-tedodi-talafot-ukraina-artishi-rusiya-1059341678.html
Эълони теъдоди талафоти Украина ва ихтиёриёне, ки ба артиши Русия пайвастаанд
Эълони теъдоди талафоти Украина ва ихтиёриёне, ки ба артиши Русия пайвастаанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия эълон дошт, ки интиқоли силоҳи хӯшаӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ ба вазъ дар майдони амалиёт муассир набуд ва тағйироте ҳосил накардаст
2023-09-12T14:58+0500
2023-09-12T14:58+0500
2023-09-12T14:58+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёт
вижа
низомӣ
владимир путин
украина
аслиҳа
амният ва мудофиа
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0c/1058790345_0:213:2500:1619_1920x0_80_0_0_24dae3ce995cbfa57a67f1b13bf1075e.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Таъмини бомбаҳои кассетӣ ё худ хӯшаӣ ба Киев дар майдони ҷанг барои артиши Украине пешравиеро наовард. Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар ҳамоиши байналмилалии шарқӣ дар Владивосток баён дошта, таъкид намуд, ки амалиёти ҳамлаи ҷавобии артиши Украина муваффақ нашудаст. "Натиҷаи ҳамлаи ҷавобӣ нест, талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина 71 ҳазор нафар, 543 танк, 18 ҳазор мошини зиреҳпӯшро ташкил медиҳад", - гуфт Путин. Вай дар зимн аз шумораи ихтиёриёне гуфт, тавассути бастани шартнома ба қувваҳои мусаллаҳи Русия мепайванданд. "Дар зарфи 6-7 моҳи охир 270 ҳазор нафар бо Қувваҳои Мусаллаҳи Русия шартнома бастаанд. Мардон ба ин кор дидаву дониста, огоҳона ба ҳимояи Ватан мераванд", - изҳор дошт Путин. Дар мавриди оғози музокирот раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки чунин эҳтимолиятро истисно намекунад. Агар Иёлоти Муттаҳида боварӣ дошта бошад, ки Украина ба музокирот омода аст, бигзор онҳо фармони Зеленскийро дар бораи манъи музокирот бекор кунанд, гуфт ӯ.Ба иттилои Маскав, ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Южнодонетск, Артёмовск ва пеш аз ҳама дар самти Запороже рӯзи 4 июни соли равон оғоз шуда, то ҳоле ҳеч натиҷаеро надодаст.
https://sputnik.tj/20230907/maskav-asliha-urandor-ukraina-1059257219.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0c/1058790345_97:0:2320:1667_1920x0_80_0_0_f2cd7ff62c4538db0df133eaa16256be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
теъдод, талафот, ҳамла, ҷавобӣ, украина
теъдод, талафот, ҳамла, ҷавобӣ, украина
Эълони теъдоди талафоти Украина ва ихтиёриёне, ки ба артиши Русия пайвастаанд
Раисҷумҳури Русия эълон дошт, ки интиқоли силоҳи хӯшаӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ ба вазъ дар майдони амалиёт муассир набуд ва тағйироте ҳосил накардаст
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Таъмини бомбаҳои кассетӣ ё худ хӯшаӣ ба Киев дар майдони ҷанг барои артиши Украине пешравиеро наовард.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар ҳамоиши байналмилалии шарқӣ дар Владивосток баён дошта, таъкид намуд, ки амалиёти ҳамлаи ҷавобии артиши Украина муваффақ нашудаст.
"Натиҷаи ҳамлаи ҷавобӣ нест, талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина 71 ҳазор нафар, 543 танк, 18 ҳазор мошини зиреҳпӯшро ташкил медиҳад", - гуфт Путин.
Вай дар зимн аз шумораи ихтиёриёне гуфт, тавассути бастани шартнома ба қувваҳои мусаллаҳи Русия мепайванданд.
"Дар зарфи 6-7 моҳи охир 270 ҳазор нафар бо Қувваҳои Мусаллаҳи Русия шартнома бастаанд. Мардон ба ин кор дидаву дониста, огоҳона ба ҳимояи Ватан мераванд", - изҳор дошт Путин.
Дар мавриди оғози музокирот раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки чунин эҳтимолиятро истисно намекунад.
Агар Иёлоти Муттаҳида боварӣ дошта бошад, ки Украина ба музокирот омода аст, бигзор онҳо фармони Зеленскийро дар бораи манъи музокирот бекор кунанд, гуфт ӯ.
Ба иттилои Маскав, ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Южнодонетск, Артёмовск ва пеш аз ҳама дар самти Запороже рӯзи 4 июни соли равон оғоз шуда, то ҳоле ҳеч натиҷаеро надодаст.