https://sputnik.tj/20230829/primakov-khohishmandon-omuzish-zaboni-rusi-afzoish-1059119707.html
Примаков: Хоҳишмандони омӯзиши забони русӣ якбора афзоиш ёфт
Примаков: Хоҳишмандони омӯзиши забони русӣ якбора афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари “Россотрудничество” иддао дорад, ки теъдоди хоҳишмандон барои омӯхтани забони русӣ дар соли равон якбора афзоиш ёфтааст
2023-08-29T20:33+0500
2023-08-29T20:33+0500
2023-08-29T20:33+0500
русия
дар русия
забони русӣ
омӯзиш
россотрудничество
евгений примаков
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032498332_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_0730b012aeaec2847ede64f12dd467d1.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар пайи як амалиёти вижаи низомии Русия ва ташдиди равобити Маскав бо кишварҳои Ғарб, шумори хоҳишмандони омӯзиши забони русӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст, гуфт Евгений Примаков, раиси “Россотрудничество”.Ба гуфтаи вай, солҳои тӯлонӣ тамоюли нохуше вуҷуд дошт, ки шумори хоҳишмандони омӯзиши забони русӣ коҳиш меёфт, аммо ҳоло вазъ иваз шудааст."Ҳоло дар пасманзари амалиёти вижаи низомӣ ва умуман дар пасманзари сард шудани муносибатҳо, мо мушоҳида кардем, ки шумораи хоҳишмандони омӯзиши забони русӣ якбора зиёд шудааст. Ҳатто дар дохили агентӣ каме шӯхӣ мекунем, ки "ҳар қадар мо даҳшатноктар бошем, ҳамон қадар ҷолибтар мешавем", - гуфт Примаков зимни нишасти матбуотӣ бахшида ба муаррифии нусхаи китоби "Рӯзномаи зиндон"-и Мария Бутина.Ба гуфтаи вай, бархе кишварҳои шарик, ки бо онҳо равобити илмӣ, таълимӣ ва ғайра доштем, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ Дания, Полша, Чехия ва ғайра аз мо рӯ гардонданд. Мо худсарона дар ин кишварҳо фаъолиятамонро қатъ накардем.Оқои Примаков қайд кард, ки ҳануз пеш аз оғози амалиёти вижа “Россотрудничество” ба дигар кишварҳое, ки аз нуқтаи назари сиёсӣ бартарӣ доранд, ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд — ин пеш аз ҳама кишварҳои хориҷи наздик, Осиё, Африқо, Амрикои Лотинӣ мебошанд."Дар кишварҳое, ки мо ҳузурамонро коҳиш медиҳаем, мутахассисонро ба он кишварҳое мефиристем, ки сокинони онҳо мехоҳанд забони русиро бештар омӯзанд ва ба Русия зиёдтар сафар кунанд", - афзуд ӯ.
https://sputnik.tj/20230825/tojikiston-dar-tasisi-yak-sozmon-oid-ba-zaboni-rusi-shirkat-mekunad-1059035843.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032498332_177:0:2906:2047_1920x0_80_0_0_012ab6c85bc5482bcfe04a7677268b17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
примаков, русия, забони русӣ, омӯзиш, хоҳишманд, афзоиш, россотрудничество
примаков, русия, забони русӣ, омӯзиш, хоҳишманд, афзоиш, россотрудничество
Примаков: Хоҳишмандони омӯзиши забони русӣ якбора афзоиш ёфт
Раҳбари “Россотрудничество” иддао дорад, ки теъдоди хоҳишмандон барои омӯхтани забони русӣ дар соли равон якбора афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар пайи як амалиёти вижаи низомии Русия ва ташдиди равобити Маскав бо кишварҳои Ғарб, шумори хоҳишмандони омӯзиши забони русӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст, гуфт Евгений Примаков, раиси “Россотрудничество”.
Ба гуфтаи вай, солҳои тӯлонӣ тамоюли нохуше вуҷуд дошт, ки шумори хоҳишмандони омӯзиши забони русӣ коҳиш меёфт, аммо ҳоло вазъ иваз шудааст.
"Ҳоло дар пасманзари амалиёти вижаи низомӣ ва умуман дар пасманзари сард шудани муносибатҳо, мо мушоҳида кардем, ки шумораи хоҳишмандони омӯзиши забони русӣ якбора зиёд шудааст. Ҳатто дар дохили агентӣ каме шӯхӣ мекунем, ки "ҳар қадар мо даҳшатноктар бошем, ҳамон қадар ҷолибтар мешавем", - гуфт Примаков зимни нишасти матбуотӣ бахшида ба муаррифии нусхаи китоби "Рӯзномаи зиндон"-и Мария Бутина.
Ба гуфтаи вай, бархе кишварҳои шарик, ки бо онҳо равобити илмӣ, таълимӣ ва ғайра доштем, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ Дания, Полша, Чехия ва ғайра аз мо рӯ гардонданд. Мо худсарона дар ин кишварҳо фаъолиятамонро қатъ накардем.
Оқои Примаков қайд кард, ки ҳануз пеш аз оғози амалиёти вижа “Россотрудничество” ба дигар кишварҳое, ки аз нуқтаи назари сиёсӣ бартарӣ доранд, ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд — ин пеш аз ҳама кишварҳои хориҷи наздик, Осиё, Африқо, Амрикои Лотинӣ мебошанд.
"Дар кишварҳое, ки мо ҳузурамонро коҳиш медиҳаем, мутахассисонро ба он кишварҳое мефиристем, ки сокинони онҳо мехоҳанд забони русиро бештар омӯзанд ва ба Русия зиёдтар сафар кунанд", - афзуд ӯ.