https://sputnik.tj/20230911/idoma-yarmarka-dushanbe-mahsulot-poytakht-1059330774.html
Идомаи ярмаркаҳо дар Душанбе: Кадом минтақаҳо маҳсулоташро пойтахт овард?
Идомаи ярмаркаҳо дар Душанбе: Кадом минтақаҳо маҳсулоташро пойтахт овард?
Sputnik Тоҷикистон
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ то 15 сентябр дар боғҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешаванд
2023-09-11T20:59+0500
2023-09-11T20:59+0500
2023-09-11T20:59+0500
дар тоҷикистон
ярмарка
намоиш
маҳсулот
кишоварзӣ
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102261/21/1022612173_0:131:2500:1537_1920x0_80_0_0_5fdc0deb1169a80830da02edf79d34d9.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Пагоҳ дар ҳафт боғи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда мешавад.Ба иттилои манбаъ, намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.Барои ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғҳои пойтахт масъулони вазорату идораҳо ва роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд.Пагоҳ намоишҳо дар боғҳои зерин баргузор мешавад:Ёдовар мешавем, ки 14 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва Фестивали оши палав дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил мешавад.
https://sputnik.tj/20230909/namoish-furushi-mahsuloti-kishovarzi-bogh-dushanbe-1059303468.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102261/21/1022612173_140:0:2361:1666_1920x0_80_0_0_1dbf7ca8208a7b6845b9e923367cbfc9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ярмарка, фуруш, маҳсулот, кишоварзӣ, душанбе, боғ, намоишгоҳ
тоҷикистон, ярмарка, фуруш, маҳсулот, кишоварзӣ, душанбе, боғ, намоишгоҳ
Идомаи ярмаркаҳо дар Душанбе: Кадом минтақаҳо маҳсулоташро пойтахт овард?
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ то 15 сентябр дар боғҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Пагоҳ дар ҳафт боғи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.
Барои ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғҳои пойтахт масъулони вазорату идораҳо ва роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд.
Пагоҳ намоишҳо дар боғҳои зерин баргузор мешавад:
дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш-фурӯши вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он,
дар Боғи Ирам намоиш-фурӯши вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он,
дар Боғи Куруши Кабир намоиш-фурӯши Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ноҳияҳои водии Рашт,
дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав,
дар Боғи Наврӯзгоҳ намоиш-фурӯши шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ,
дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Алишер Навоӣ намоиш-фурӯши шаҳри Ваҳдат,
дар Боғи Кӯли Ҷавонон намоиш-фурӯши ноҳияҳои Варзоб ва Сино доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 14 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва Фестивали оши палав дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил мешавад.