Идомаи Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳафт боғи шаҳри Душанбе

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономическая выставка-ярмарка СУГД-2019
Экономическая выставка-ярмарка СУГД-2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2023
Обуна шудан
Пагоҳ дар боғҳои шаҳри Душанбе барои сокинон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ идома меёбанд
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар боғҳои пой тахти Тоҷикистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ то 15 сентябр идома меёбад, дар ин бора вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мекунан.
Дар ин намоишгоҳҳо сокинони пойтахт метавонанд маҳсулоти дилхоҳи кишварзии худро бо нархи арзон дастрас намоянд.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.
Овощи на экономической выставке-ярмарке СУГД-2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2023
Маҳсулоти ғизоӣ ва саноатии арзон дар Рӯзи истиқлолият
Таъкид шудааст, ки барои ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд.
дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш-фурӯши вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он,
дар Боғи Ирам намоиш-фурӯши вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он,
дар Боғи Куруши Кабир намоиш-фурӯши Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ноҳияҳои водии Рашт,
дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав,
дар Боғи Наврӯзгоҳ намоиш-фурӯши шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ,
дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Алишер Навоӣ намоиш-фурӯши шаҳри Ваҳдат,
дар Боғи Кӯли Ҷавонон намоиш-фурӯши ноҳияҳои Варзоб ва Сино доир мегардад.
Ҳамзамон 14 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва Фестивали оши палав дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0