Занони фаъоли кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба ҳам меоянд

© SputnikЖенщины в национальной одежде
Женщины в национальной одежде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2023
Обуна шудан
Интизор меравад, дар пайи баррасии масоили баробарии гендарӣ унвони сарони давлатҳо изҳороти аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ қабул карда шавад
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Вохӯрии ҳузурии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳошияи мулоқоти президентҳои минтақа баргузор мешавад.
Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, мулоқоти занон 14 сентябр дар шаҳри Душанбе дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар назар аст.
Дар муколама ҳайати расмии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Участие и выступление на Первом Саммите Центральная Азия-Индия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2023
Ректорони донишгоҳҳои кишварҳои ОМ дар Душанбе дидор мекунанд: тафсилот
Дар феҳрасти мавзуъҳои баррасишаванда ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ зикр гардидаст.
Инчунин занон ташаббусҳои экологии Осиёи Марказӣ дар татбиқи ҳадафҳои рушди устуворро мавриди таҳлил қарор медиҳанду табодули афкору таҷриба мекунанд.
Инчунин иштирокдорон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи "Кохи Наврӯз", фестивали "Оши палав" ва чорабинии фарҳангии "Шоми дӯстӣ" боздид мекунанд.
Ҳамоиши занон 2 рӯз давом карда, рӯзи 15 сентябр аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ аз неругоҳи барқи обии "Норак" дидан мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0