https://sputnik.tj/20230905/rektoron-donishgoh-kishvarho-om-dushanbe-didor-1059228043.html
Ректорони донишгоҳҳои кишварҳои ОМ дар Душанбе дидор мекунанд: тафсилот
Ректорони донишгоҳҳои кишварҳои ОМ дар Душанбе дидор мекунанд: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби ҷаласаи панҷуми солгарди машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи ҷорӣ дар Душанбе дар назар аст, баргузор мешавад
2023-09-05T15:40+0500
2023-09-05T15:40+0500
2023-09-05T15:40+0500
дар тоҷикистон
ом
маориф
мулоқот
донишгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045262445_0:40:2048:1192_1920x0_80_0_0_d2e2485c6ddd8c6e48d04fa12a50ccfe.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Рӯзи 14 сентябр дар Душанбе ҳамоиши дувуми ректорони мактабҳои олии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд. Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби ҷаласаи панҷуми солгарди машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи сентябр дар пойтахти ҷумҳурӣ баргузор мешавад, ба нақша гирифта шудааст, гуфта мешавад дар иттилоияи вазорат. Ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон дар ин ҳамоиш дурнамои рушди ҳамкориҳо дар заминаи илму маорифро баррасӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар ҷаласа вазирони маориф низ ширкат хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки Содиқ Имомӣ, муъовини умури хориҷаи Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки рӯзҳои 14-15 сентябр Душанбе мизбони нишасти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо - муассисони Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Арал мешавад. Нишаст таҳти раёсати раисиҷумҳури ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Дар доираи саммит як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд:
https://sputnik.tj/20230905/zanon-rohbar-om-barrasi-barobari-genderi-mintaqa-1059226398.html
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045262445_207:0:2024:1363_1920x0_80_0_0_8aeb5a6a5eed472e44db54c9b3385799.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ректорон донишгоҳҳо ом душанбе дидор тафсилот
ректорон донишгоҳҳо ом душанбе дидор тафсилот
Ректорони донишгоҳҳои кишварҳои ОМ дар Душанбе дидор мекунанд: тафсилот
Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби ҷаласаи панҷуми солгарди машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи ҷорӣ дар Душанбе дар назар аст, баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Рӯзи 14 сентябр дар Душанбе ҳамоиши дувуми ректорони мактабҳои олии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби ҷаласаи панҷуми солгарди машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи сентябр дар пойтахти ҷумҳурӣ баргузор мешавад, ба нақша гирифта шудааст, гуфта мешавад дар иттилоияи вазорат.
Ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон дар ин ҳамоиш дурнамои рушди ҳамкориҳо дар заминаи илму маорифро баррасӣ мекунанд.
Ғайр аз ин, дар ҷаласа вазирони маориф низ ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки Содиқ Имомӣ, муъовини умури хориҷаи Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки рӯзҳои 14-15 сентябр Душанбе мизбони нишасти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо - муассисони Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Арал мешавад.
Нишаст таҳти раёсати раисиҷумҳури ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Дар доираи саммит як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд:
намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ;
мулоқоти аъзои Муколамаи занони роҳбар дар ОМ;
вохурии вазирони нақлиёт ва барномаи фарҳангии устодони фарҳангу санъати кишварҳои ОМ.