https://sputnik.tj/20230910/marzi-tojikiston-afghoniston-urdugohho-terroristho-1059303750.html
Расонаҳо: дар марзи Тоҷикистону Афғонистон урдугоҳҳои нави террористон таъсис ёфтааст
Расонаҳо: дар марзи Тоҷикистону Афғонистон урдугоҳҳои нави террористон таъсис ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳои покистонӣ аз бунёди урдугоҳҳои нави террористони “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар медиҳанд
2023-09-10T09:32+0500
2023-09-10T09:32+0500
2023-09-10T09:32+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
урдугоҳ
террорист
таъсис
ташкил
амният ва мудофиа
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044765496_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_5f57a18306034176debae7843299d733.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Гурӯҳи террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” (мамнӯъ дар Русия) дар Афғонистон, ки бештар аъзоёни он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон урдугоҳҳои нав бунёд кардааст.Дар ин бора нашрияи покистонии “Pak Afghan Affairs” хабар додааст.Ба иттилои ин расона як гурӯҳи тундрав бо номи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" дар вилояти Бадахшони Афғонистон, дар паҳлӯи фурудгоҳи ин вилоят, дар канори шаҳри Файзобод (маркази маъмурии ин вилоят) урдугоҳҳои нав бунёд кардааст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш КДАМ аз нобуд намудани се ҷангҷӯи ин гурӯҳ дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон хабар дода буд.Пас аз як рӯз ҷангҷӯёни Толибони покистонӣ марзи Афғонистону Покистонро дар вилояти Нуристони Афғонистон убур карда, ба ду посгоҳи нерӯҳои Покистон дар минтақаи Читрал ҳамла карданд.Бар асоси ин гузориш, "кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз гурӯҳҳои сершумори ҷангҷӯён, ки дар Афғонистон паноҳ ёфтаанд ва фаъолият мекунанд ва аз қаламрави Афғонистон барои содироти амалиёти худ дар минтақа истифода мекунанд, изҳори нигаронии ҷиддӣ кардаанд".
https://sputnik.tj/20230906/kdam-amal-terroristi-tojikiston-peshgir-1059236618.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044765496_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_c1f6aef6993495b8f62ea71c74e2f27e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, гурӯҳҳои терррористӣ, урдугоҳ, таъсис, “ҷамоати ансоруллоҳ”
тоҷикистон, афғонистон, гурӯҳҳои терррористӣ, урдугоҳ, таъсис, “ҷамоати ансоруллоҳ”
Расонаҳо: дар марзи Тоҷикистону Афғонистон урдугоҳҳои нави террористон таъсис ёфтааст
Расонаҳои покистонӣ аз бунёди урдугоҳҳои нави террористони “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Гурӯҳи террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” (мамнӯъ дар Русия) дар Афғонистон, ки бештар аъзоёни он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон урдугоҳҳои нав бунёд кардааст.
Дар ин бора нашрияи покистонии “Pak Afghan Affairs” хабар додааст.
Ба иттилои ин расона як гурӯҳи тундрав бо номи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" дар вилояти Бадахшони Афғонистон, дар паҳлӯи фурудгоҳи ин вилоят, дар канори шаҳри Файзобод (маркази маъмурии ин вилоят) урдугоҳҳои нав бунёд кардааст.
“Ба гуфтаи манобеъ, дар ин урдугоҳ аз 50 то 60 интиҳорӣ ҷойгир карда шудаанд”, - навиштааст ин нашрияи покистонӣ, ки вазъи амниятӣ дар минтақаро назорат, таҳқиқ ва таҳлил мекунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш КДАМ аз нобуд намудани се ҷангҷӯи ин гурӯҳ дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон хабар дода буд.
Пас аз як рӯз ҷангҷӯёни Толибони покистонӣ марзи Афғонистону Покистонро дар вилояти Нуристони Афғонистон убур карда, ба ду посгоҳи нерӯҳои Покистон дар минтақаи Читрал ҳамла карданд.
Бар асоси ин гузориш, "кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз гурӯҳҳои сершумори ҷангҷӯён, ки дар Афғонистон паноҳ ёфтаанд ва фаъолият мекунанд ва аз қаламрави Афғонистон барои содироти амалиёти худ дар минтақа истифода мекунанд, изҳори нигаронии ҷиддӣ кардаанд".