https://sputnik.tj/20230906/kdam-amal-terroristi-tojikiston-peshgir-1059236618.html
КДАМ: Амали террористӣ дар арафаи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон пешгирӣ шуд
КДАМ: Амали террористӣ дар арафаи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон пешгирӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, террористон қасд доштанд дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ амалҳои террористӣ анҷом диҳад 06.09.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-09-06T09:45+0500
2023-09-06T09:45+0500
2023-09-06T10:20+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
амалиёт
зиддитеррористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102956/10/1029561021_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_48eca461784bf95443b74757c5ab2c67.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористии КДАМ Тоҷикистон дар минтақаи наздимарзӣ бо Афғонистон як гуруҳи сенафариро безарар гардондааст, ки иттилои ин ниҳод нияти ташкили амали террористӣ доштанд. Ба иттилои КДАМ, ин гуруҳ шаби 29 ба 30 августи соли ҷорӣ хати сарҳад бо Афғонистон дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвозро убур намуда, ба таври ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон шуданд ва таҳти назорати мақомот қарор гирифтанд. "Гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, қаламрави масири ҳаракати террористон дар минтақаи наздисарҳадӣ иҳота ва зери назорат гирифта шуд", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки субҳи 5 сентябр дар лаҳзаи мувофиқ, дастаи зиддитеррористии амниятӣ ҳалқаи иҳотавиро дар макони будубоши террористон маҳдуд сохта, аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ талаб намуд, ки таслим шаванд.КДАМ афзуд, ки террористон дар посух оташ кушоданд ва дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ ҳар 3 нафар безарар гардонида шуданд. Ба иттилои ин ниҳод, дар баробари силоҳҳои дар ихтиёри террористон қарордошта, қаблан, аз ҳудуди кишвари ҳамсоя миқдори ҳаҷман калони аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, воситаҳои алоқа барои таъмини террористон интиқол ва дар пинҳонгоҳ ҷой карда шудаанд, ки мусодират гардиданд. КДАМ аз кушташудагон зодагони шаҳри Исфара, Нуробод ва шаҳри Кӯлоб ном бурдааст, ки узви "Ҷамоати Ансоруллоҳ"* буда, қаблан таҳти пайгард қарор доштаанд.*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20230426/amaliyot-yazghulom-tafsilot-toza-malumot-afghoniston-1056703027.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102956/10/1029561021_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_18793b825ef8a2914267c2df36189497.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, амалиёт, зиддитеррористӣ
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, амалиёт, зиддитеррористӣ
КДАМ: Амали террористӣ дар арафаи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон пешгирӣ шуд
09:45 06.09.2023 (Навсозишуда: 10:20 06.09.2023) Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, террористон қасд доштанд дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ амалҳои террористӣ анҷом диҳад
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористии КДАМ Тоҷикистон дар минтақаи наздимарзӣ бо Афғонистон як гуруҳи сенафариро безарар гардондааст, ки иттилои ин ниҳод нияти ташкили амали террористӣ доштанд.
Ба иттилои КДАМ, ин гуруҳ шаби 29 ба 30 августи соли ҷорӣ хати сарҳад бо Афғонистон дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвозро убур намуда, ба таври ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон шуданд ва таҳти назорати мақомот қарор гирифтанд.
"Гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, қаламрави масири ҳаракати террористон дар минтақаи наздисарҳадӣ иҳота ва зери назорат гирифта шуд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки субҳи 5 сентябр дар лаҳзаи мувофиқ, дастаи зиддитеррористии амниятӣ ҳалқаи иҳотавиро дар макони будубоши террористон маҳдуд сохта, аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ талаб намуд, ки таслим шаванд.
КДАМ афзуд, ки террористон дар посух оташ кушоданд ва дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ ҳар 3 нафар безарар гардонида шуданд.
Ба иттилои ин ниҳод, дар баробари силоҳҳои дар ихтиёри террористон қарордошта, қаблан, аз ҳудуди кишвари ҳамсоя миқдори ҳаҷман калони аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, воситаҳои алоқа барои таъмини террористон интиқол ва дар пинҳонгоҳ ҷой карда шудаанд, ки мусодират гардиданд.
КДАМ аз кушташудагон зодагони шаҳри Исфара, Нуробод ва шаҳри Кӯлоб ном бурдааст, ки узви "Ҷамоати Ансоруллоҳ"* буда, қаблан таҳти пайгард қарор доштаанд.
*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия