https://sputnik.tj/20230825/sana-barguzori-sinamojashn-baynalmilali-toji-somon-1059031936.html
Санаи баргузории синамоҷашни байналмилалии "Тоҷи Сомон" маълум шуд
Санаи баргузории синамоҷашни байналмилалии "Тоҷи Сомон" маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Синамоҷашни байналмилалӣ моҳи октябр доир шавад, ки дар он синамогарони кишварҳои Осиё ва Аврупо иштирок хоҳанд кард.
2023-08-25T09:02+0500
2023-08-25T09:02+0500
2023-08-25T09:02+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
синамо
филм
душанбе
баргузор
байналмилалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/17/1031945926_0:317:3077:2048_1920x0_80_0_0_e014f4f9f47809f31821bdfc51020bb1.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Синамогарони номвари давлатҳои хориҷӣ дар синамоҷашни байналмилалӣ иштирок карда, беҳтарин филмҳои худро ба намоиш мегузоранд, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”. Ба иттилои манбаъ, Ҷашнвора бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик аз 15 то 19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе мегузарад. Ин чорабинии фарҳангӣ моҳи октябр дар Душанбе нахустин Синамоҷашни байналмилалии Душанбе – "Тоҷи Сомон" бо унвони "Таърихи рушди тоҷикон" баргузор мегардад. Манбаъ қайд кардааст, ки қарор аст дар ин чорабинӣ ҳунарпешагон ва синамогарони номвари давлатҳои хориҷӣ иштирок карда, беҳтарин филмҳои худро ба намоиш гузоранд.Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ он дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷӯҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино дар доираи "Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027" иборат мебошад.
https://sputnik.tj/20230726/farhang-sokhtmon-teatri-millii-tojikiston-1058447144.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/17/1031945926_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_cf54667f682d020dd1fa97e8d180cc8a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фарҳанг, синамо, синамоҷашни байналмилалӣ, "тоҷи сомон", осиё ва аврупо
тоҷикистон, фарҳанг, синамо, синамоҷашни байналмилалӣ, "тоҷи сомон", осиё ва аврупо
Санаи баргузории синамоҷашни байналмилалии "Тоҷи Сомон" маълум шуд
Қарор аст, ки синамоҷашни байналмилалӣ моҳи октябр доир шавад, ки дар он синамогарони кишварҳои Осиё ва Аврупо иштирок ширкат варзанд.
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Синамогарони номвари давлатҳои хориҷӣ дар синамоҷашни байналмилалӣ иштирок карда, беҳтарин филмҳои худро ба намоиш мегузоранд, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.
Ба иттилои манбаъ, Ҷашнвора бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик аз 15 то 19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе мегузарад.
Ин чорабинии фарҳангӣ моҳи октябр дар Душанбе нахустин Синамоҷашни байналмилалии Душанбе – "Тоҷи Сомон" бо унвони "Таърихи рушди тоҷикон" баргузор мегардад.
Манбаъ қайд кардааст, ки қарор аст дар ин чорабинӣ ҳунарпешагон ва синамогарони номвари давлатҳои хориҷӣ иштирок карда, беҳтарин филмҳои худро ба намоиш гузоранд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ он дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷӯҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино дар доираи "Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027" иборат мебошад.