https://sputnik.tj/20230909/maqomoti-tojikiston-sharoit-zindagi-aholi-behtar-1059298191.html
Мақомоти Тоҷикистон гуфт чӣ гуна шароити зиндагии 9 миллион аҳолиро беҳтар кардааст
Мақомоти Тоҷикистон гуфт чӣ гуна шароити зиндагии 9 миллион аҳолиро беҳтар кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи зиндагии мардум барои сокинон 139 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим карда супурдааст
2023-09-09T12:20+0500
2023-09-09T12:20+0500
2023-09-09T12:20+0500
дар тоҷикистон
замин
наздиҳавлигӣ
шароит
шароит
зиндагӣ
сокинон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039905616_0:31:1920:1111_1920x0_80_0_0_279c5778993c75ded7f745291ad33f75.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила 139 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо гардид, ки дар натиҷа шароити истиқоматии 9 миллион нафар сокинони ҷумҳурӣ беҳтар шуд.Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода зимни маҷлиси тантанавӣ бахшида 32-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баён кардааст.Ба гуфтаи вай ин иқдоми бесобиқа будааст. Вай таъкид кард, ки дар 70 соли то замони истиқлолият ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.Ориф Хоҷазода гуфт, ки ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои кулли мардуми мамлакат бузургтарин ва шукуҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба шумор меравад."Тайи 32 соли Истиқлолияти давлатӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат қадамҳои устувор гузошта шуд. Давоми ду даҳсолаи охир суръати рушди иқтисодии мамлакат ба ҳисоби миёна ба 7,8 фоиз баробар шуд, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то зиёда аз 37 млрд сомонӣ афзоиш ёфт ва дар ин давра сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ қариб се баробар коҳиш ёфт",-илова кард ў.Ҳамзамон дар ҷамъомад дар вазъияти тантанавӣ ба як гурӯҳ собиқадорони меҳнат, ки солҳои тӯлонӣ дар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ кор карданд, туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин ба гурӯҳи калони кормандон барои фаъолияти назарраси меҳнатӣ ифтихорномаҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон тақдим гардиданд.
https://sputnik.tj/20230908/prokuror-tojik-kor-benuqson-mukofot-davlati-1059291758.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039905616_156:0:1863:1280_1920x0_80_0_0_7e1898ec99aa552c2941ef0dc462232d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мақомот, беҳтар, зиндагии мардум, аҳолӣ, замин, наздиҳавлигӣ
тоҷикистон, мақомот, беҳтар, зиндагии мардум, аҳолӣ, замин, наздиҳавлигӣ
Мақомоти Тоҷикистон гуфт чӣ гуна шароити зиндагии 9 миллион аҳолиро беҳтар кардааст
Мақомоти Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи зиндагии мардум барои сокинон 139 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим карда супурдааст
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила 139 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо гардид, ки дар натиҷа шароити истиқоматии 9 миллион нафар сокинони ҷумҳурӣ беҳтар шуд.
Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода зимни маҷлиси тантанавӣ бахшида 32-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баён кардааст.
Ба гуфтаи вай ин иқдоми бесобиқа будааст. Вай таъкид кард, ки дар 70 соли то замони истиқлолият ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.
Ориф Хоҷазода гуфт, ки ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои кулли мардуми мамлакат бузургтарин ва шукуҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба шумор меравад.
"Тайи 32 соли Истиқлолияти давлатӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат қадамҳои устувор гузошта шуд. Давоми ду даҳсолаи охир суръати рушди иқтисодии мамлакат ба ҳисоби миёна ба 7,8 фоиз баробар шуд, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то зиёда аз 37 млрд сомонӣ афзоиш ёфт ва дар ин давра сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ қариб се баробар коҳиш ёфт",-илова кард ў.
Ҳамзамон дар ҷамъомад дар вазъияти тантанавӣ ба як гурӯҳ собиқадорони меҳнат, ки солҳои тӯлонӣ дар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ кор карданд, туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин ба гурӯҳи калони кормандон барои фаъолияти назарраси меҳнатӣ ифтихорномаҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон тақдим гардиданд.