Прокурорҳои тоҷик барои кори бенуқсон мукофоти давлатӣ гирифтанд

© Sputnik / Амир ИсаевОмбудсмен Зариф Ализода на пресс-конференции Уполномоченного по правам человека в РТ
Омбудсмен Зариф Ализода на пресс-конференции Уполномоченного по правам человека в РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2023
Обуна шудан
Мукофотҳои давлатиро ба додситонҳо ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори раисҷумҳур дар парлумон супорид
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар маҷлиси тантанавӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон ба 7 нафар кормандони ин ниҳод мукофоти давлатӣ супорида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки мукофотҳоро ёрдамчии президенти кишвар дар масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи раисҷумҳур дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба кормандони додситонӣ супурд.
Таъкид дар маҷмӯъ 10 корманди мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ бахшида ба 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз тарафи президенти мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2023
"Ин камбудии мост": Раҳмон дар бораи рабудану куштори ноиби раиси "Ориёнбонк"
Бархе аз мукофотҳои давлатиро ба намояндагони бахшҳои мухталиф шахсан, раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат супорида буд.
Додситонии кул мегӯяд, ба кормандони ин ниҳод барои иҷрои намунавори вазифаҳои хизматӣ, меҳнати софдилонаю бенуқсон, ба даст овардани муваффақиятҳои шоён дар пурзӯр намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ супорида шуд.
Ҳамчунин бо фармони прокурори генералии Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон нисбати як қатор кормандони ниҳод чораҳои ҳавасмандсозӣ татбиқ гардонида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0