https://sputnik.tj/20230909/islomobod-taslihoti-amrikoi-afghoniston-terrorist-1059296730.html
Исломобод: Таслиҳоти амрикоӣ дар Афғонистон ба дасти террористҳо афтодааст
Исломобод: Таслиҳоти амрикоӣ дар Афғонистон ба дасти террористҳо афтодааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Покистон мегӯяд, ки таслиҳоти зиёде, ки ИМА баъд аз фирораш аз Афғонистон дар ин кишвар гузоштааст, ба дасти террористҳо афтодааст
2023-09-09T11:22+0500
2023-09-09T11:22+0500
2023-09-09T11:22+0500
толибон
афғонистон
осиёи марказӣ
аслиҳа
има
амрико
покистон
террорист
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042582260_0:155:3073:1883_1920x0_80_0_0_d1d8be7e715c7c78f19e406cec089508.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Покистон Мумтоз Заҳро Балуҷӣ дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки таслеҳоти боқимонда пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон ба дасти террористҳо афтод, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Ин дипломат афзуд, ки Покистон ба давлати муваққати Афғонистон иброз нигаронӣ кардааст, ки аз ҳамалоти террористӣ аз хоки Афғонистон ки тайи он ифротгароён аз силоҳҳои амрикоӣ истифода кардаанд, иброз нигаронӣ кардааст.Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки ин ҳафта тавассути ситезаҷӯёни Таҳрики толибони Покистон* ( TTP ) дар ҳамалоти ин ҳафта ба истҳои бозрасии артиши Покистон дар шимоли ғарбии устони хайбари Пахтунхво дар марзи Афғонистон истифода шуд.Пеш аз ин, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид намояндаи расмии толибон* ки, қудратро дар Афғонистон ба дасти гирифта буд, истидлол кард, ки силоҳҳои сохти Амрико, ки тавассути ИМА дар Афғонистон ба ҷоймонда дар анборҳо нигаҳдорӣ мешавад ва фурӯши онҳо мамнӯъ аст.Муҷоҳид гуфт, аз замони ихроҷи неруҳои хориҷӣ ва ба даст гирифтани қудрати тавассути толибон, тамомии силоҳҳо, таҷҳизоту васоили нақлия дар анборҳо ва захоири кишвар нигаҳдорӣ мешавад ва ҳеҷ каси иҷозаи ҷо ба ҷои ва фурӯши онҳоро надорад.Ин дар ҳолеаст, ки Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрикои ахиран дар як нишасти хабарӣ дар маркази расонаҳои хориҷӣ дар пойтахти ин кишвар гуфтааст: "ҳеҷ таҷҳизоте аз сарбозони амрикоӣ боқӣ намондааст. Замоне, ки амалиёти тахлияи худро комил кардем, миқдори ками таҷҳизот ва ҳавопаймо вуҷуд дошт ва пас аз инҳидоми онҳо хориҷи шудем".* — ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
https://sputnik.tj/20230903/tolibon-omoda-guftugu-qazoi-afghoniston-jahon-1059195125.html
толибон
афғонистон
има
амрико
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042582260_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_00a8d9b2708c087d4c408ce19cc64424.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, осиёи марказӣ, аслиҳа, амрикоӣ, террористҳо, покистон, има
афғонистон, толибон, осиёи марказӣ, аслиҳа, амрикоӣ, террористҳо, покистон, има
Исломобод: Таслиҳоти амрикоӣ дар Афғонистон ба дасти террористҳо афтодааст
Вазири умури хориҷаи Покистон мегӯяд, ки таслиҳоти зиёде, ки ИМА баъд аз фирораш аз Афғонистон дар ин кишвар гузоштааст, ба дасти террористҳо афтодааст
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Покистон Мумтоз Заҳро Балуҷӣ дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки таслеҳоти боқимонда пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон ба дасти террористҳо афтод, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Мо касеро муқассир намедонем, аммо силоҳҳои амрикоӣ ба ҷой монда дар Афғонистони ниёзманди тавваҷуҳ ҷаҳонӣ аст зеро ба дасти гуруҳҳои террористӣ афтодааст", - афзуд Балуҷ.
Ин дипломат афзуд, ки Покистон ба давлати муваққати Афғонистон иброз нигаронӣ кардааст, ки аз ҳамалоти террористӣ аз хоки Афғонистон ки тайи он ифротгароён аз силоҳҳои амрикоӣ истифода кардаанд, иброз нигаронӣ кардааст.
Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки ин ҳафта тавассути ситезаҷӯёни Таҳрики толибони Покистон* ( TTP ) дар ҳамалоти ин ҳафта ба истҳои бозрасии артиши Покистон дар шимоли ғарбии устони хайбари Пахтунхво дар марзи Афғонистон истифода шуд.
Пеш аз ин, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид намояндаи расмии толибон* ки, қудратро дар Афғонистон ба дасти гирифта буд, истидлол кард, ки силоҳҳои сохти Амрико, ки тавассути ИМА дар Афғонистон ба ҷоймонда дар анборҳо нигаҳдорӣ мешавад ва фурӯши онҳо мамнӯъ аст.
Муҷоҳид гуфт, аз замони ихроҷи неруҳои хориҷӣ ва ба даст гирифтани қудрати тавассути толибон, тамомии силоҳҳо, таҷҳизоту васоили нақлия дар анборҳо ва захоири кишвар нигаҳдорӣ мешавад ва ҳеҷ каси иҷозаи ҷо ба ҷои ва фурӯши онҳоро надорад.
Ин дар ҳолеаст, ки Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрикои ахиран дар як нишасти хабарӣ дар маркази расонаҳои хориҷӣ дар пойтахти ин кишвар гуфтааст: "ҳеҷ таҷҳизоте аз сарбозони амрикоӣ боқӣ намондааст. Замоне, ки амалиёти тахлияи худро комил кардем, миқдори ками таҷҳизот ва ҳавопаймо вуҷуд дошт ва пас аз инҳидоми онҳо хориҷи шудем".
* — ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад