https://sputnik.tj/20230909/batr-viloyat-khatlon-bakhshi-khususi-sohibkoron-iqtisodi-sabz-1059298988.html
Таваҷҷуҳи БАТР дар вилояти Хатлон ба дастгирии бахши хусусиву соҳибкорон ва иқтисоди сабз
Таваҷҷуҳи БАТР дар вилояти Хатлон ба дастгирии бахши хусусиву соҳибкорон ва иқтисоди сабз
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро барои ҳамкорӣ даъват карда хоҳиш кард ба ташкили ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ мусоидат намоянд
2023-09-09T15:14+0500
2023-09-09T15:14+0500
2023-09-09T15:14+0500
дар тоҷикистон
батр
хатлон
дастгирӣ
соҳибкор
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/09/1059298785_0:0:600:338_1920x0_80_0_0_ca9da8d7feb26fc2ce92e7fbb7cb9080.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Ахиран раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар дидор бо роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел масъалаҳои тавсеаи ҳамкории ҳукумати Хатлон ва намояндагии БАТР мавриди муҳокима қарор дода шуд.Раиси вилояти Хатлон дар ин мулоқот изҳори итминон намуд, ки раванди маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки вилоят минбаъд низ босамар идома хоҳад ёфт.Дар рафти мулоқот саҳми бонк дар таҳкими бахши молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, ташкили инфрасохтори зарурӣ дар сатҳи маҳал, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обёрӣ, обтаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо дар вилояти Хатлон таъкид гардид.Давлаталӣ Саид баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии қобили меҳнат, инкишофи бозори молиявӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, алалхусус дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллиро аз самтҳои дигари ҳамкорӣ арзёбӣ намуд.Дар ҳамин ҳол ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон қайд кард, ки намояндагии бонк ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкорон, машваратҳои касбӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар самти технологияҳои рақамӣ, маблағгузории иқтисодиёти сабз, обтаъминкунӣ алоқаманд мебошад.“Тавре ки иттилоъ дорем, дар Тоҷикистон Маркази зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ таъсис дода шудааст, ки ин аввалин чунин марказ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Мо аз ин талоши ҷониби Тоҷикистон барои рушди зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисод ҷонибдорӣ мекунем”, - афзуд Холгер Вифел.
https://sputnik.tj/20230906/maqomoti-khatlon-fao-rushdi-sohai-kishovarzi-1059235394.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/09/1059298785_75:0:526:338_1920x0_80_0_0_ac625dddebbaab9d262e36ca30f19ac8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, батр, хатлон, дастгирӣ, соҳибкорӣ, иқтисодти сабз, ҷойҳои кории нав
тоҷикистон, батр, хатлон, дастгирӣ, соҳибкорӣ, иқтисодти сабз, ҷойҳои кории нав
Таваҷҷуҳи БАТР дар вилояти Хатлон ба дастгирии бахши хусусиву соҳибкорон ва иқтисоди сабз
Раиси вилояти Хатлон Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро барои ҳамкорӣ даъват карда хоҳиш кард ба ташкили ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ мусоидат намоянд
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Ахиран раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар дидор бо роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел масъалаҳои тавсеаи ҳамкории ҳукумати Хатлон ва намояндагии БАТР мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Раиси вилояти Хатлон дар ин мулоқот изҳори итминон намуд, ки раванди маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки вилоят минбаъд низ босамар идома хоҳад ёфт.
Дар рафти мулоқот саҳми бонк дар таҳкими бахши молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, ташкили инфрасохтори зарурӣ дар сатҳи маҳал, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обёрӣ, обтаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо дар вилояти Хатлон таъкид гардид.
Давлаталӣ Саид баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии қобили меҳнат, инкишофи бозори молиявӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, алалхусус дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллиро аз самтҳои дигари ҳамкорӣ арзёбӣ намуд.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон қайд кард, ки намояндагии бонк ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкорон, машваратҳои касбӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар самти технологияҳои рақамӣ, маблағгузории иқтисодиёти сабз, обтаъминкунӣ алоқаманд мебошад.
“Тавре ки иттилоъ дорем, дар Тоҷикистон Маркази зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ таъсис дода шудааст, ки ин аввалин чунин марказ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Мо аз ин талоши ҷониби Тоҷикистон барои рушди зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисод ҷонибдорӣ мекунем”, - афзуд Холгер Вифел.