Мақомоти Хатлон аз FAO барои рушди соҳаи кишоварзӣ кумак хост

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонМулоқоти раиси Хатлон бо Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон
Мулоқоти раиси Хатлон бо Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон ва намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармояи хориҷиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ахиран мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Кучгелдиев Олег, роҳбари Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон (FAO) сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин тарафҳо дастрасӣ ба технологияи нав, таъмини тухмиҳои хушсифат ва ҳосилдиҳанда, ҷалби воситаҳои гранти барои рушди соҳибкории занон ва оиди дигар масъалаҳои муҳиме, ки барои пешравии вилояти Хатлон ба шумор мерафт баррасӣ намуданд.
Иран и Ирак готовы инвестировать в Хатлонскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
Давлаталӣ Саид: аксарияти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон талаф меёбад
Дар ин музокирот мақомоти Хатлон қайд кардааст, ки FAO дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизо саҳми арзанда гузошта истодааст.
Тарафҳо зимни мулоқот изҳори умедворӣ карданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бештар дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят рушд медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0