https://sputnik.tj/20230908/tojikiston-film-piryakhho-sabt-1059274227.html
Дар Тоҷикистон филме дар бораи пиряхҳо сабт мешавад
Дар Тоҷикистон филме дар бораи пиряхҳо сабт мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Синамогарони кишвар аллакай ба таҳияи филме бо номи "Пряхҳои Тоҷикистон" шурӯъ кардаанд ва бо ҳамин ном албоми акс низ нашр хоҳад шуд
2023-09-08T10:23+0500
2023-09-08T10:23+0500
2023-09-08T12:44+0500
дар тоҷикистон
обшавии пиряхҳо
сабти филм
экология
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101627/57/1016275738_0:0:3571:2008_1920x0_80_0_0_00ad6b29e7439194c2545f151419faaa.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон филми ҳуҷҷатӣ дар бораи пиряҳои ҷумҳурӣ ба навор гирифта мешавад. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" хабар додааст. Синамогарони кишвар аллакай ба таҳияи филми "Пряхҳои Тоҷикистон" шурӯъ кардаанд.Кор то декабри соли 2023 идома меёбад. Ҳамчунин омода ва нашри як албоми акс бо ҳамин ном дар назар аст. Филми мустанад аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радио бо мусоидати Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи илмҳои миллӣ таҳия ва муаррифӣ мешавад. Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси эълони соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешбарӣ карда буд. Бояд гуфт, ки аз 14 ҳазор пирях, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ воқеъ аст, ҳазораш дар давоми чанд даҳсолаи охир комилан аз байн рафтааст. Мубориза барои захирахои об дар Осиёи Миёна вусъат меёбад: Роҳҳал чист?Дар натиsаи таъсири тағйирёбии иқлим, махсусан гармӣ, суръати обшавии онҳо тезтар шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон "Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030" амалӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20230324/rahmon-dar-chand-dahsolai-okhir-dar-tojikiston-ziyoda-az-yak-hazor-piryakh-purra-az-bayn-raft-1055737659.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101627/57/1016275738_95:0:2772:2008_1920x0_80_0_0_4c1e42131cab6082bb59dbe74bd4597c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон филм пиряхҳо мешавад
тоҷикистон филм пиряхҳо мешавад
Дар Тоҷикистон филме дар бораи пиряхҳо сабт мешавад
10:23 08.09.2023 (Навсозишуда: 12:44 08.09.2023) Синамогарони кишвар аллакай ба таҳияи филме бо номи "Пряхҳои Тоҷикистон" шурӯъ кардаанд ва бо ҳамин ном албоми акс низ нашр хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон филми ҳуҷҷатӣ дар бораи пиряҳои ҷумҳурӣ ба навор гирифта мешавад.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" хабар додааст.
Синамогарони кишвар аллакай ба таҳияи филми "Пряхҳои Тоҷикистон" шурӯъ кардаанд.
Кор то декабри соли 2023 идома меёбад. Ҳамчунин омода ва нашри як албоми акс бо ҳамин ном дар назар аст.
Филми мустанад аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радио бо мусоидати Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи илмҳои миллӣ таҳия ва муаррифӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси эълони соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешбарӣ карда буд.
Бояд гуфт, ки аз 14 ҳазор пирях, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ воқеъ аст, ҳазораш дар давоми чанд даҳсолаи охир комилан аз байн рафтааст.
Дар натиsаи таъсири тағйирёбии иқлим, махсусан гармӣ, суръати обшавии онҳо тезтар шудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон "Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030" амалӣ мешавад.