https://sputnik.tj/20230324/rahmon-dar-chand-dahsolai-okhir-dar-tojikiston-ziyoda-az-yak-hazor-piryakh-purra-az-bayn-raft-1055737659.html
Раҳмон: Дар чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях пурра аз байн рафт
Раҳмон: Дар чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях пурра аз байн рафт
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки миқдори пиряхҳо зери таъсири тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон сол то сол кам мешаванд
2023-03-24T17:15+0500
2023-03-24T17:15+0500
2023-03-24T17:15+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
смм
об
обшавии пиряхҳо
пирях
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/18/1055737504_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_355658232ff76e9ade8a37d341619187.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Дар чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях пурра аз байн рафтанд, гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо телевизиони СММ.Ба гуфтаи вай обшавии босуръати пиряхҳо дар дигар қитъаҳои олам, аз ҷумла дар Арктика ва Антарктида низ ба мушоҳида мерасад.Вай афзуд, ки шумораи аҳолӣ сол то сол зиёд шуда, талабот ба об низ босуръат меафзояд.Ҳамчунин дар ин мусоҳиба Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки обшавии босуръати пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии оби тоза ба шумор мераванд, раванди нигаронкунанда мебошад ва ҷаҳон бояд барои пешгирӣ аз он чораҳои муассир ва муштарак андешад.Ҳамчунин раҳбари Тоҷикистон ҳадафи кишварашро дар бораи ташаббус гуфт.Вай илова кард, ки эълони Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси фонди махсус ва баргузор кардани Конфронси байналмилалӣ оид ба ин масъала дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 аз ҷумлаи василаҳои муҳим ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо мебошанд.
https://sputnik.tj/20230323/rahmon-smm-nopadid-piryakhho-hushdor-1055711972.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/18/1055737504_187:0:2918:2048_1920x0_80_0_0_eb3ce3da69a75cf17e9101ec1b85e840.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, об, пирях, обшавӣ, тағйири иқлим, таъсир
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, об, пирях, обшавӣ, тағйири иқлим, таъсир
Раҳмон: Дар чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях пурра аз байн рафт
Кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки миқдори пиряхҳо зери таъсири тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон сол то сол кам мешаванд
ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Дар чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях пурра аз байн рафтанд, гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо телевизиони СММ.
Ба гуфтаи вай обшавии босуръати пиряхҳо дар дигар қитъаҳои олам, аз ҷумла дар Арктика ва Антарктида низ ба мушоҳида мерасад.
Вай афзуд, ки шумораи аҳолӣ сол то сол зиёд шуда, талабот ба об низ босуръат меафзояд.
“Бо дарназардошти ин ҳолат, нишондиҳандаи таъмини об ба сари ҳар нафари аҳолӣ низ сол ба сол камтар мегардад. Дар панҷ даҳсолаи охир ин нишондиҳанда, аллакай, дувуним баробар коҳиш ёфтааст ва тамоюли мазкур ҳоло ҳам идома дорад”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Ҳамчунин дар ин мусоҳиба Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки обшавии босуръати пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии оби тоза ба шумор мераванд, раванди нигаронкунанда мебошад ва ҷаҳон бояд барои пешгирӣ аз он чораҳои муассир ва муштарак андешад.
Ҳамчунин раҳбари Тоҷикистон ҳадафи кишварашро дар бораи ташаббус гуфт.
“Ҳадафи асосии ташаббуси мо дар самти ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муҳиммияти ин масъала ва андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии раванди глобалии тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо мебошад”, - зикр кард ӯ.
Вай илова кард, ки эълони Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси фонди махсус ва баргузор кардани Конфронси байналмилалӣ оид ба ин масъала дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 аз ҷумлаи василаҳои муҳим ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо мебошанд.