https://sputnik.tj/20230906/rahmon-vurud-sarmoya-tekhnologiya-olmon-1059240455.html
Раҳмон хостори вуруди сармоя, навоварӣ ва технологияҳои олмонӣ шуд
Раҳмон хостори вуруди сармоя, навоварӣ ва технологияҳои олмонӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба воридоти сармоя ва технологияҳои олмонӣ изҳори таваҷҷуҳ карда, содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаро ба миён гузоштаст
2023-09-06T13:27+0500
2023-09-06T13:27+0500
2023-09-06T13:27+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
олмон
мулоқот
эмомалӣ раҳмон
технология
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/06/1059238751_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_f80c792ce8ba37ba37b98462da5ad332.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Олмон аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд. Раҳмон аз принсипҳои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва тарафайн судманди муносибот гуфтаст. Ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, хурокворӣ, истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои нодир, мошинсозӣ, кимиё, фарматсевтика ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ояндадор арзёбӣ шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон ҷалби бештари сармояи олмонӣ, навовариҳо ва воридоти технологияи нав аз Олмон ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон зарур шумурда шуд.Ҳамчунин ба коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ сурат гирифтааст. Ҳамкории байнидавлатӣ дар қолаби "Шарикии сармоягузории Тоҷикистону Олмон" мувофиқи мақсад шуморида шуда, ҷонибҳо изҳори итминон кардаанд, ки мулоқоти бахши хусусии ду кишвар ба ин такон хоҳад бахшид.
https://sputnik.tj/20230905/manfiatho-demokratiya-bolotar-avrupo-tijorat-rusiya-1059229697.html
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/06/1059238751_160:0:2891:2048_1920x0_80_0_0_8291c0da0dca52ae34d6da15ed8f4de9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамкорӣ, тоҷикистон, олмон, маҳсулот, кишоварзӣ
ҳамкорӣ, тоҷикистон, олмон, маҳсулот, кишоварзӣ
Раҳмон хостори вуруди сармоя, навоварӣ ва технологияҳои олмонӣ шуд
Тоҷикистон ба воридоти сармоя ва технологияҳои олмонӣ изҳори таваҷҷуҳ карда, содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаро ба миён гузоштаст
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Олмон аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд.
Раҳмон аз принсипҳои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва тарафайн судманди муносибот гуфтаст.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, хурокворӣ, истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои нодир, мошинсозӣ, кимиё, фарматсевтика ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ояндадор арзёбӣ шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҷалби бештари сармояи олмонӣ, навовариҳо ва воридоти технологияи нав аз Олмон ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Ҳамчунин ба коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ сурат гирифтааст.
Ҳамкории байнидавлатӣ дар қолаби "Шарикии сармоягузории Тоҷикистону Олмон" мувофиқи мақсад шуморида шуда, ҷонибҳо изҳори итминон кардаанд, ки мулоқоти бахши хусусии ду кишвар ба ин такон хоҳад бахшид.