Ба муносибати Рӯзи истиқлол дар Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ доир мешавад

© SputnikЯрмарка в Душанбе
Ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2023
Обуна шудан
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфт, ки дар кадом боғҳо маҳсулоти тару тоза ва хушсифати кишоварзони ватаниро бо қимати поинтар харидан мумкин аст
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Аз 9 то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ярмаркаю фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, имкон пайдо мешавад, ки маҳсулоти тару тоза ва хушсифат аз деҳқонони ватанӣ дар ҷойҳои зерин харидорӣ карда шавад:
боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосима Фирдавсӣ;
боғи маданият ва истирохати "Ирам";
боғи фарҳангу фароғатии "Куруши Кабир";
боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ;
боғи фарҳангу фароғатии ба номи Алишер Навоий;
боғи фарҳангу фароғатии "Кӯли ҷавонон".
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 9-уми сентябр сокинони Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии давлатии кишвар - Рӯзи истиқлолро таҷлил мекунанд.
Дар ин рӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисони вилоятҳо ва ноҳияҳо чун анъана паёмҳои идона мекунанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2023
"Муддати тӯлонӣ нест, аммо беназир": Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфт
Онҳо дар паёмҳои худ аз муваффақиятҳои ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият гузориш медиҳанд.
Соли 2023 дар ҷумҳурӣ 32-солагии санаи фаромӯшнашаванда таҷлил мегардад. Исол сокинони кишвар дар рӯзҳои ҷалили он се рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0