"Муддати тӯлонӣ нест, аммо беназир": Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2023
Обуна шудан
Президент шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ҳамватанони бурунмарзиро ба солгарди истиқлол табрик гуфта, аз онҳо хост, ки барои ҳифзи он аз таҳдидҳо омода бошанд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро ба муносибати 32-умин солгарди истиқлоли кишвар табрик гуфт.
Дар ин бора ба хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи президент, ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем.
Ба таъкиди ӯ, ин марҳала дар муқоиса бо таърихи бостонии халқамон муҳлати чандон тӯлонӣ нест, вале бо миқёси корҳои дар ин муддат амалигардида камназир ба ҳисоб меравад.
Ӯ афзуд, ки ҳарчанд дар оғоз талошҳои вайрониву парокандагӣ буданд, аммо тавонистем мо бо мақсади арҷгузорӣ ба ҳофизаи таърихӣ ва гузаштаи пурифтихори халқамон арзишҳои давлатдорӣ ва суннатҳои тамаддунсозии ниёгони худ, аз ҷумла давлатдории Сомониёнро эҳё намудем.
"Хотирнишон месозам, ки роҳи дар муддати беш аз се даҳсола тайкардаи мо пур аз шебу фарозҳо буда, мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистанд истиқлоли давлатии худро аз фитнаву дасисаи бадхоҳони дохиливу хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон содиқона ҳифз намоянд", - афзуд раҳбари давлат.
Вай дар идома изҳор дошт, ки тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд тавонистанд, ки монеаву мушкилоти эҷодкардаи душманони худро бо азми қавӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф карда, дар рӯзҳои хеле душвору сарнавиштсоз зери парчами истиқлолу озодӣ муттаҳид гардида, давлати хешро ба рӯзҳои осудаву обод расонанд.
День независимости  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2023
Ҷашни асосӣ: Тоҷикистон Рӯзи истиқлолро таҷлил мекунад
Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали давлатсозӣ, ки Тоҷикистон аз чифр оғоз кард ва дастовардҳои 32 соли ахир ёдовар шуда, аз сокинони кишвар хостааст, ки онро ҳифз намоянд.
Раисиҷумҳур дар суханронии худ на танҳо дастовардҳо, балки таҳдидҳо ба кишвар ва тамоми ҷаҳон – низомишавӣ, шиддат гирифтани ҷанги сард, терроризм ва ифротгароии мазҳабӣ, ки дар муқобили онҳо шаҳрвандон бояд гирдиҳам омада, муттаҳид шаванд, таъкид кард.
Лентаи хабарҳо
0